Имрӯз дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии шаҳри Бӯстон ва ноҳияҳои Сангвору Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 30.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии шаҳру ноҳияҳо доир мегардад. Намоиш-фуруши маҳсулот, ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои фарҳангии шаҳри Бӯстон дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Ҷавонон», ноҳияи Сангвор дар Боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» ва ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар Боғи Ирам доир мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати кишоварзӣ.
Дар намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби деҳқонони шаҳру ноҳияҳо ба сокинону меҳмонони пойтахт маҳсулоти кишоварзӣ бо нархи арзонтар пешниҳод мешавад.
Вақти баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишварзӣ ва таомҳои миллӣ аз соати 08:00 то 11:00 ва намоиши ҳунарҳои мардумию барномаи фарҳангиву адабӣ аз соати 17:00 то 20:00 муқаррар шудааст.
Бояд гуфт, ки намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе аз 1 июл оғоз гардида, то 3 сентябр идома меёбанд.
Ёдовар мешавем, ки то имрӯз шаҳру ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор, Ваҳдат, Шаҳритус, Конибодом, Қубодиён, Турсунзода, Ҷайҳун, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Шаҳринав, Панҷ, Ашт, Нуробод, Кӯшониён, Мастчоҳ, Файзобод, Восеъ ва ғайра намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии худро дар боғҳои пойтахти мамлакат баргузор намуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»