Имрӯз дар Тоҷикистон назар ба рӯзҳои пеш гармии ҳаво то 2 дараҷа паст мешавад
ДУШАНБЕ, 07.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво рӯзона то 2 дараҷа паст мешавад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо шиддати 4-9 метр ва дар баъзе ноҳияҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10+15 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм ва дар шарқи вилоят ҳаво 1+6 дараҷа ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 дараҷа, рӯзона 30+35 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10 дараҷа ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш пешгӯӣ шуда, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 18+23 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 13-18 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25, рӯзона 31+36 дараҷа гарм дар назар дошта шудааст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 11+16 дараҷа ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе хавои тағйирёбанда, асосан бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо дар охири рӯз борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 ва дар баъзе ҳолатҳо 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 20+22 дараҷа ва рӯзона 32+34 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






