Комиссияи марказии интихоботии Узбекистон Шавкат Мирзиёевро президенти интихобшуда эълон намуд

Июль 10, 2023 11:10

ДУШАНБЕ, 10.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шавкат Мирзиёев Президенти Ҷумҳурии Узбекистон интихоб гардид. 87,05 фоизи интихобкунандагон ба тарафдории ӯ овоз доданд, иттилоъ дод раиси Комиссияи марказии интихоботии Узбекистон Зайниддин Низомхоҷаев, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» аз Тошканд.

Мувофиқи маълумоти пешакии Зайниддин Низомхоҷаев, 87,05% интихобкунандагон ба Шавкат Мирзиёев, номзад аз Ҳизби либералӣ — демократӣ ва Ҳизби демократии «Миллийтикланиш» («Эҳёи миллӣ) овоз доданд. Комиссияи марказии интихоботии Узбекистон ӯро президенти интихобшуда эълон намуд.

Робахон Маҳмудова аз Ҳизби сотсиал — демократии «Адолат» («Адолат») 4,43 % овозҳо, Улуғбек Иноятов аз Ҳизби халқии демократӣ 4,02 % овозҳо ва Абдушукур Ҳамзаев аз Ҳизби экологӣ 3,74% овозҳоро ба даст оварданд.

Тибқи Кодекси интихоботи Ҷумҳурии Узбекистон, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон аз лаҳзаи савганд ёд намудан дар ҷаласаи якҷояи палатаҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Узбекистон на дертар аз ду моҳ аз рӯзи эълони расмии натиҷаҳои интихоботи президентӣ аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ба вазифаи худ шуруъ менамояд.

 АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 10, 2023 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд