НАМОИШ-ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ. Дастранҷи деҳқонони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ пешкаши сокинон ва меҳмонони пойтахт гардид
ДУШАНБЕ, 29.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи фарҳангӣ- фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии ташкил карда шуд. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Дар намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби деҳқонони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба сокинону меҳмонони пойтахт маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, карам, помидор, бодиринг, себ, ангур, шафтолу, зардору, харбуза, тарбуз, биринҷ, гӯшти гов, меваи хушк, лӯбиёгиҳо ва дигар маҳсулоти озуқаворӣ бо нархҳои нисбат ба бозор арзонтар пешниҳод гардид.
Имрӯз инчунин намоиши шаҳри Хуҷанд дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ ва намоиши ноҳияи Тоҷикобод дар Боғи Куруши Кабир доир гардид.
Бояд таъкид намуд, ки имрӯз инчунин аз соати 17:00 то 20:00 намоиши ҳунарҳои мардумию барномаи фарҳангиву адабии шаҳри Хуҷанд, ноҳияи Тоҷикобод ва ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ доир мегардад.
Ёдовар мешавем, ки намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе аз 1 июл оғоз гардида, то 3 сентябр идома меёбанд.
АКС аз манбаъҳои боз


















«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Масъалаи зиёд намудани сармоягузорӣ ба татбиқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави якчанд давлат эътимоднома қабул намуданд
ЭЪЛОН! Бақайдгирии намояндагони воситаҳои ахбори омма барои инъикоси Конфронси сеюми оби Душанбе оғоз шуд






