Пагоҳ дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, МД «Телевизиони Сафина» ва КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад

Июль 25, 2023 19:50

ДУШАНБЕ, 25.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 26 июл дар  Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» ва  Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2023 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.

Нишасти матбуотии Вазорати фарҳанг соати 08:00 дар Вазорати фарҳанг гузаронида мешавад.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон соати 09:00 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон (ошёнаи 3) нишасти матбуотӣ доир менамояд.

Нишасти матбуотии Кумитаи телевизион ва радио соати 10:00 дар Кумитаи мазкур баргузор мегардад.

МД «Телевизиони Сафина» нишасти матбуотиро соати 11:00 дар Телевизиони Сафина доир мегардад.

Нишасти матбуотии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» соати 11:00 дар корхонаи мазкур баргузор мешавад.

Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият доранд, бояд вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа намоянд. Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳамарӯза дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

Намояндагони воситаҳои ахбори омма метавонанд бо варақаи иттилоотӣ оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2023 дар сомонаҳои вазорату идораҳо шинос шаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 25, 2023 19:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2025
Ҳангоми истифодаи хабару маводи сомона истинод ба www.khovar.tj ҳатмӣ аст!
Саҳифаҳои расмии АМИТ «Ховар» дар шабакаҳои иҷтимоӣ: facebook.com/niatkhovar, t.me/niatkhovar, youtube.com/@niat_Khovar_tj, instagram.com/niat_khovar/, twitter.com/niatkhovar, Радиои Ховар 101.5 fm, facebook.com/khovarfm/
Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Ҳеҷ неруе наметавонад муносибатҳои бародаронаи мардумони ду давлатро халалдор намояд
Эмомалӣ Раҳмон: Хизмат ба Ватан, яъне хизмати ҳарбӣ, мактаби ҷавонмардӣ ва давраи ҳаматарафа обутоб ёфтани ҷавонон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: Хизмат ба Ватан – Модар қарзи фарзандии ҳар як ҷавон ба ҳисоб меравад
Эмомалӣ Раҳмон: Ман ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ҳар як сарбозро мисли фарзанди худ дӯст медорам
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Масъалаи зиёд намудани сармоягузорӣ ба татбиқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор намуданд