Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи моҳипарварӣ дар шаҳри Хуҷанд ба дарёи Сир як миллион дона моҳича сар доданд

Июль 8, 2023 07:36

ДУШАНБЕ, 08.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. 8 июл дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи моҳипарварӣ дар шаҳри Хуҷанд ба дарёи Сир як миллион дона моҳича сар доданд.

Бояд гуфт, ки моҳичаҳо зотҳои “амури сафед”, “пешонапаҳми сафед” ва “зағорамоҳӣ” мебошад, ки дар ҳавзҳои ҳоҷагии моҳипарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Корпоратсияи моҳии тоҷик” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров парвариш карда шудааст. Тадбири мазкур бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади афзоиш додани саршумори моҳӣ дар дарёи Сир роҳандозӣ гардид.

Тавре масъулон иттилоъ доданд, ҳоло дар ҳудуди вилояти Суғд 63 хоҷагии моҳипарварӣ ба қайд гирифта шудааст, ки масоҳати умумии ҳавзҳо барои парвариши моҳӣ 685 гектарро ташкил медиҳад. Хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Ашт, Айнӣ ва дар шаҳрҳои Конибодом, Исфара ва Панҷакент фаъолият мекунанд, ки дар онҳо асосан, моҳии зотҳои “амури сафед”, “пешонапаҳми сафед”, “зағорамоҳӣ”, “гулмоҳӣ” “тосмоҳӣ” ва чанд намуди дигар парвариш карда мешавад.

Аз рӯи маълумоти масъулон, моҳиҳои “амури сафед”, “пешонапаҳми сафед” ва “зағорамоҳӣ” вобаста ба шароити обу иқлим ба ҳисоби миёна дар давоми 1 сол аз 600 грамм то 1 килову 500 грамм вазн мегиранд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар 6 моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди вилояти Суғд 430,70 тонна гӯшти моҳӣ истеҳсол карда шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 121 тонна зиёд мебошад.

Соли 2022 ба обанбори Баҳри тоҷик ва дарёи Сир як миллиону 600 дона моҳича сар дода шудааст. Имсол тибқи нақша, марҳила ба марҳила 4 миллион дода моҳича сар дода мешавад. Ҳадаф аз сар додани моҳичаҳо ба обанбор ва дарёҳҳо афзун намудани шумораи моҳиҳо ва рушди соҳаи моҳипарварӣ дар мамлакат мебошад.

Дар ҳамин ҷо, дар аквариумҳо намудҳои моҳӣ аз оилаи “тосмоҳӣ” ва “гулмоҳӣ” муаррифӣ карда шуд, ки дар хоҷагиҳои моҳипарварии ҳудуди вилоят парвариш меёбанд. Таъсис додани хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба тараққӣ додани соҳа, ва дар ин замина рушди соҳаи саноати хӯрокворӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо гӯшти парҳезии моҳӣ мусоидат менамояд.

Баъди сар додани моҳиҳо ба дарёи Сир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мутахассисони соҳа барои боз ҳам рушд додани ин бахши сердаромад ба иқтисоди миллӣ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Рушди соҳаи моҳипарварӣ дар вилояти Суғд 08.07.2023

Июль 8, 2023 07:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон