Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Ориповро ба ҳузур пазируфтанд

Июль 21, 2023 19:00

ДУШАНБЕ, 21.07.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Абдулло Ориповро, ки бо сафари корӣ ба Душанбе ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои маҷмӯи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Узбекистонро мавриди муҳокима қарор дода, роҳҳои рушди минбаъдаи онҳоро баррасӣ намуданд.

Дар ин зимн бо изҳори қаноатмандӣ тамоюли мусбати рушди бемайлони гардиши мол байни ду мамлакат таъкид гардид. Дар ин раванд гуногунсамт гардонидан ва тавсеаи сохтории молу маҳсулоти тиҷорати мутақобила аз ҷумлаи вазифаҳои мубрам дониста шуд. Вобаста ба ин Пешвои миллат ба имкониятҳои фаровон дар бахшҳои мухталифи саноат, соҳаҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, туризм ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ишора намуданд. Дар баробари ин соҳаҳои саноати сабук ва хурокворӣ, металлҳои ранга ва сиёҳ, саноати автомобилсозӣ, инчунин комплекси агросаноатӣ ҳамчун самтҳои ояндадор номбар гардиданд.

Ба тавсеаи фаъоли робитаҳои мустақими иқтисодии субектҳои хоҷагидор ва доираҳои соҳибкорӣ дар бахши воқеии иқтисодиёт, рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар сатҳи минтақаҳо низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

Ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои тавсеаи табодули фарҳангиву гуманитарӣ иброз доштанд.

Сарвари давлати мо аҳаммияти кори фаъоли Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодиро ҷиҳати дастрасӣ ба ҳадафҳои таҳкими бештари ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Узбекистон таъкид намуданд.

Ҷонибҳо дар мавриди талошҳои муштарак ҷиҳати пешбурди пайвастаи тамоми маҷмӯи равобиту ҳамкорияшон изҳори омодагӣ намуданд.
Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов 21.07.2023

Июль 21, 2023 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон