Роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз соли нави хониш маоши омӯзгоронро 10 фоиз баланд мебардорад
ДУШАНБЕ, 27.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки аз соли нави хониш маоши кормандону омӯзгоронро дар ҳаҷми 10% баланд намояд. Дар ин хусус ректори донишгоҳи мазкур, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Қобилҷон Хушвақтзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Тавре ректори донишгоҳ таъкид намуд, таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва натиҷаи ҳавасмандгардонии кормандони донишгоҳ ва ҳайати устодони ин даргоҳи илму маърифат буд, ки дар солҳои охир муваффақияту дастовардҳо ба маротиб афзун гардидаанд. Дар давоми се сол аз ҳисоби маблағҳои махсус се маротиба музди меҳнат 10 фоизи зиёд карда шуд, ки ба фаъолияти илмию тарбиявӣ ва тадқиқотӣ дар донишгоҳ таъсири мусбӣ расонд ва дар соли нави хониш музди меҳнат боз 10 фоизи дигар зиёд карда мешавад.
Зимни нишаст гуфта шуд, ки дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ Донишгоҳи миллӣ тадбирҳои муҳимро ба роҳ мондааст.
Бо ин мақсад соли 2023 дар доираи ҳамкории дуҷониба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 10 ихтисоси муҳиму зарурӣ барои иқтисодиёти мамлакат, аз ҷумла ихтисосҳои кори табобатӣ, кори тиббию ташхисӣ, дорусозӣ, математика, физика, кимиё, биология, муносибатҳои байналхалқӣ, ҳуқуқшиносӣ ва молия ва қарзро аз аккредитатсияи байналмилалии барномавӣ гузаронид. Ҳар ихтисос аз ҷониби Агентии байналмилалии аккредитатсионии Ҷумҳурии Қазоқистон (НААР) бо сертификати байналмилалӣ ба муҳлатҳои гуногун сарфароз гардонида шуд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






