Роҳи мошингарди кӯчаи Шевченко аз буриши кӯчаи Шероз то хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 28.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Роҳи мошингарди кӯчаи Шевченко аз буриши кӯчаи Шероз то хиёбони Саъдии Шерозӣ пас аз навсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Корҳои навсозӣ дар роҳи мазкур моҳи майи соли 2022 оғоз гардида, пас аз таъмири пурра он имрӯз мавриди истифода қарор гирифт.
Тавре дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд, дарозии роҳи мазкур аз кӯчаи Шероз то хиёбони Саъдии Шерозӣ 850 метр буда, дар он тамоми аломату ишораҳо, ки бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин менамоянд, гузошта шудаанд. Фармоишгари корҳои навсозии роҳи мошингарди кӯчаи Шевченко, аз буриши кӯчаи Шероз то хиёбони Саъдии Шерозӣ Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе» буда, корҳои таъмириро муҳандисон ва сохтмончиёни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Идеал-Сервис» ба анҷом расониданд.
Тибқи лоиҳа, дар таҷдиди роҳи мошингарди кӯчаи Шевченко навсозии пиёдароҳҳо, таъмиру навсозии хатҳои муҳандисӣ, аз қабили қубурҳои оби гарм, оби нӯшокӣ, хатҳои корезӣ, ноқилҳои баландшиддати барқӣ ва хатҳои алоқа, инчунин навсозии сутун ва чароғҳои равшанидиҳӣ пурра анҷом дода шудааст. Ҳамзамон дар доираи татбиқи лоиҳаи мавриди назар навсозии қитъаи сабзазори роҳ низ анҷом дода шуда, дар он хатҳои обёрӣ ва сохтмони обанбор барои захираи об ҷиҳати системаи обёрӣ низ бунёд шудаанд.
Ба иттилои манбаъ, корҳои таъмирӣ ва асфалтхобонӣ дар роҳи мазкур бо ҷалби зиёда аз 50 нафар мутахассисони маҳаллӣ амалӣ гардида, зимни корҳо беш аз 20 техникаи роҳсозӣ ҷалб шуданд.
Бояд тазаккур дод, ки яке аз ҳадафҳои роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар солҳои охир- пурра таъмир ва асфалтпӯш намудани тамоми роҳҳои пойтахт — роҳҳои асосӣ ва дохилии он мебошад. Бунёди роҳи мазкур низ ба беҳтар гардонидани хизматрасонии нақлиёт, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ дар давраи сохтмон ва беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ равона гардидааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд






