Шумораи аҳолии Ҷопон бори аввал дар 55 соли охир коҳиш ёфт

Июль 29, 2023 10:34

ДУШАНБЕ, 29.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аҳолии Ҷопон соли 2022 нисбат ба як соли пеш 801 000 нафар кам шуда, ба 122 423 038 нафар расид. Ин бузургтарин коҳиши шумораи аҳолӣ дар таърихи Ҷонпон аст, ки дар тамоми 47 воҳиди маъмурию марзӣ аз соли 1968 ба инҷониб сабт шудааст. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус АБИ «Казинформ» бо истинод ба Kyodo хабар додааст.

Тибқи таҳқиқоти демографии Вазорати корҳои дохилӣ ва коммуникатсия,  то 1 январи соли 2023 аҳолии Ҷопон бо шумули сокинони хориҷӣ 125 миллиону 416 ҳазору 877 нафарро ташкил дод, ки нисбат ба як соли пеш тақрибан 511 000 нафар кам шудааст.

Ин тамоюл зарурати таҳияи тадбирҳо барои ҳалли масъалаи коҳиши сатҳи таваллуд ва беҳтар кардани имконияти шуғли ҷавонон ва занон дар минтақаҳоро ба миён меорад.

Сарвазир Фумио Кишида даъват намуд, ки тадбирҳои «бесобиқа» барои баланд бардоштани сатҳи таваллуд ҳамчун кӯшиши охирин барои боздоштани коҳиши аҳолӣ то соли 2030 андешида шаванд, аммо дар бораи то чӣ андоза муассир будани ин чораҳо шубҳаҳо вуҷуд доранд.

Теъдоди шаҳрвандони Ҷопон дар тӯли 14 сол паиҳам коҳиш меёбад: сатҳи рекордии пасти таваллуд дар Ҷопон, ки 772 000 кӯдакро ташкил медиҳад, аз сатҳи рекордии 1,57 миллион фавт хеле зиёд аст.

Шумораи аҳолии Окинава, ки соли гузашта афзуда буд, имсол бори аввал аз соли 1973 кам шудааст.

Шумораи аҳолии қобили меҳнат ё одамони аз 15 то 64-сола 0,03 маротиба афзуда, 59,03 фоизи тамоми аҳолиро ташкил дод.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АБИ «КАЗИНФОРМ»

 

Июль 29, 2023 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд