Шумораи гирифторони бемории сурхакон дар пойтахти Британия метавонад ба даҳҳо ҳазор нафар расад

Июль 17, 2023 17:00

ДУШАНБЕ, 17.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Агентии амнияти тандурустии Британия (UKHSA) ҳушдор додааст, ки бинобар сатҳи пасти эмкунӣ дар Лондон  шумораи бемории сурхакон метавонад ба даҳҳо ҳазор расад. Ҳисобҳои математикӣ нишон медиҳанд, ки авҷи беморӣ метавонад аз 40 000 то 160 000 нафарро фаро гирад. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус АЗЕРТАҶ бо истинод ба BBC  хабар додааст.

Сатҳи баланди эмкунӣ дар қисмати боқимондаи Британия маънои онро дорад, ки дар ҷойҳои дигар хатари бемории ҷиддӣ ба таври назаррас камтар аст. Аммо UKHSA изҳор намудааст, ки барои эмгузаронии кӯдакон, наврасон ва ҷавонон зарурати «фаврӣ» мавҷуд аст.

Фарогирии эмгузаронӣ аз бемории сурхакон, паротити эпидемиявӣ  ва сурхча (MMR) дар Британияи Кабир тайи даҳсолаи охир дар сатҳи пасттарин қарор дорад: тақрибан ҳар даҳумин кӯдак то замони ворид шудан ба мактаби ибтидоӣ бе ҳимоя аст.

Эмкунӣ инчунин аввали солҳои 2000-ум, замоне ки тасдиқи иртибот байни ваксинаи омехтаи MMR ва аутизм ба таври васеъ паҳн гардид, коҳиш ёфт. Баъдан ин назария комилан беэътибор гардид ва духтур Эндрю Уэйкфилд, ки ин ғояро пеш мебурд, аз феҳристи тиббӣ хориҷ шудааст.

Аммо сурхакон —  яке аз бемориҳои сирояткунандае аст, ки дар илми тиб маълум буда, шумораи зиёди одамон ба ин намуди беморӣ иммунитети кофӣ надоранд. Мувофиқи қолабҳои UKHSA ва Мактаби беҳдошт ва тибби тропикии Лондон, шумораи гирифторони бемории сурхакон дар пойтахти Британия метавонад ба даҳҳо ҳазор нафар расад.

Ин хатари назариявӣ мебошад. Ин маънои онро надорад, ки Лондон дар остонаи хуруҷи бемории сурхакон қарор дорад. Аммо имсол аллакай 128 ҳолат дар муқоиса бо 54 ҳолати соли 2022 ба қайд гирифта шудааст.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АЗЕРТАҶ

Июль 17, 2023 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд