ТАТБИҚИ ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. Шуруъ аз 1 август хизматрасонии муздноки тиббӣ ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монда мешавад

Июль 27, 2023 13:22

ДУШАНБЕ, 27.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз 1 август хизматрасонии муздноки тиббӣ ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монда мешавад, иттилоъ дода шуд зимни баргузории ҷаласаи корӣ оид ба татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти вазорати мазкур хабар доданд.

Пурра гузаштани муассисаҳо ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ба шаффофияти воридоти маблағҳо, пешгирии омилҳои коррупсионӣ, коҳиш ёфтани таъсири омилҳои инсонӣ, воридоти пурраи пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет ва андозҳо, осон ва дастрас будани хизматрасонӣ, кам гардидани талабот ба маблағҳои нақдӣ, кам истодан дар навбат барои гирифтани пули нақд дар банкоматҳо, ҳамчунин вақти зиёдатӣ сарф накардан дар супоридани маблағҳо ба хазинаи муассисаҳои давлатӣ ва воридоти пурраи маблағҳо ба суратҳисоби маблағҳои махсус мусоидат менамояд.

Бояд гуфт, ки дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ то имрӯз 396 муассиса тибқи тартиби қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008,  2 хадамоти назорати давлатӣ, донишгоҳҳои давлатии тиббӣ (2 донишгоҳ), Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустӣ, 16 коллеҷи давлатии тиббӣ, 4 муассиса дар сохтори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, дар маҷмуъ 428 муассиса аз 1 августи соли 2023 пурра ба хизматрасонии ғайринақдӣ  гузаронида мешаванд.

Аз ҷумла, шумораи муассисаҳои алоқаманд ба хизматрасонии ғайринақдӣ дар муассисаҳои ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе 32 муассиса, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 51 муассиса, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 32 муассиса, вилояти Хатлон- 174 муассиса ва дар вилояти Суғд 101 муассисаро ташкил медиҳад.

Муассисаҳои зерсохтори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо КВД Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва ташкилоти қарзии ҷумҳурӣ, аз ҷумла ҶСК «Ориёнбонк», ҶСП ТАҚХ «Имон Интернешнл», «Бонки Байналмилалии Тоҷикистон», ҶСК Эсхата Бонк, ҶСК «Комерсбонки Тоҷикистон», ҶСП «Душанбе сити Бонк» ва ҶСП «Спитаменбонк» дар баробари ҳисоббаробаркунии нақдӣ ба таври ҳатмӣ қабули пардохти ҳамаи намуди хизматрасонии музднок аз аҳолӣ ба таврӣ ғайринақдиро ба роҳ монда, тавассути терминалҳои электронии васлгардида барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар муассисаҳои худ ҳамкории дуҷонибаро идома дода истодаанд.

Ҳоло аз тарафи муассисаҳои зерсохтори вазорат барои васли постерменалҳо ва дигар воситаҳои пардохти электронӣ дархостҳо ворид ва шартномаҳо бо ташкилоти молиявӣ баста шуда, бо сабаби сарбории зиёд, яъне зиёд гардидани талабот ба постерменалҳо бо навбат аз ҷониби ташкилоти молиявии қарзӣ васл гардида истодаанд.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки тамоми роҳбарони муассисаҳои алоқаманди соҳаро зарур аст, ки аз 1 августи соли равон қабули пардохтҳои нақдиро катъ намуда, инфрасохтори заруриро барои қабули маблағҳо ба таври ғайринақдӣ дар муҳлати кӯтоҳтарин таъмин намоянд. Инчунин дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда, дар рӯзҳои аввали манъи пардохтҳои нақдӣ шахсан бо аҳолӣ дар робита бошанд.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 27, 2023 13:22

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ СОХТМОН. Меъмории миллӣ ба ташаккули симои нави шаҳрҳо ва муҳити зисти муносиб мусоидат менамояд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 149,6 миллион сомонӣ расид
Ҳаҷми умумии маблағгузории сармоя дар ноҳияи Хуросон ба зиёда аз 337 миллион сомонӣ расонида шуд
Ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар масъалаи обу иқлим дар муколамаи ҷавонон баррасӣ шуданд
Сулаймон Зиёзода дар ноҳияи Спитамен бо вазъи соҳаҳои пахтакорӣ, боғдорӣ ва токпарварӣ шинос гардид
Ҷаласаи 21-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо доир шуд
Дар вилояти Хатлон имконоти ҳамкорӣ дар самти бунёди неругоҳҳои барқӣ баррасӣ гардид
РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 3,7 баробар афзоиш ёфтааст
14 август Озмуни ҷумҳуриявии «Топ-35-шарики боэътимоди сол» баргузор мегардад
Тоҷикистон таҷрибаи пешрафтаи Қазоқистонро дар самти истифода аз технологияҳои нав барои рушди соҳаи мелиоратсия меомӯзад
Дар Тоҷикистон низоми e-Phyto татбиқ мегардад
Оид ба кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Хатлон Созишномаи қарзии иловагӣ ба имзо расид