То соли 2040 беш аз 9 миллион бритониёиҳо гирифтори бемориҳои ҷиддӣ хоҳанд шуд

Июль 27, 2023 11:19

ДУШАНБЕ, 27.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. То соли 2040 беш аз 9 миллион нафар дар Англия бо бемориҳои ҷиддӣ, ба мисли деменсия (фаромӯшхотирӣ), диабет, саратон, афсурдаҳолӣ ва бемории музмини гурда зиндагӣ хоҳанд кард. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус АБИ «Казинформ» хабар додааст.

Тибқи гузорише, ки Бунёди тандурустии Британия нашр намудааст, шумораи афроди мубтало ба бемориҳои ҷиддӣ дар Англия ба 9,1 миллион нафар мерасад, ки ин нисбат ба соли 2019 37% зиёд мебошад.

Интизор меравад, ки то соли 2040 гирифторони бемории дементсия (фаромӯшхотирӣ) 45%, бемории музмини гурда 34%, нокомии дил 92%, саратон 31%, диабет 48%, изтироб ё депрессия 16% афзоиш ёбанд.

Дар ин ҳолат 80% афзоиши пешбинишудаи шумораи бемориҳои ҷиддӣ (2 миллион нафар) ба одамони синни 70 ва аз он боло ва 20% боқимонда (500 ҳазор нафар) ба аҳолии синни қобили меҳнат (20-69-сола) рост меояд.

Инчунин интизор меравад, ки беҳтар шудани вазъ бо баъзе сабабҳои асосии саломатӣ, аз қабили кам шудани тамокукашӣ ва паст шудани сатҳи холестерин аз таъсири фарбеҳӣ бартараф шавад.

«Масъалаи пиршавии аҳолӣ ва афзоиши шумораи бемориҳои ҷиддӣ танҳо ба системаи тандурустии Британия хос нест. Кишварҳои саросари ҷаҳон низ бо ин гуна мушкилот рӯбарӯ ҳастанд»,- ишора мекунад директори маркази тадқиқоти Бунёди тандурустӣ Анита Чарлзворт.

 Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 27, 2023 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд