Вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи солонаи Ассамблеяи Парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо иштирок доранд

Июль 3, 2023 11:38

ДУШАНБЕ, 03.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи 30 -уми солонаи Ассамблеяи Парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Ванкувери Канада иштирок доранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Ҷаласаи мазкур аз 30 июн то 4 июли соли равон дар шаҳри Ванкувери Канада идома ёфта, дар он Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода ва вакили Маҷлиси намояндагон Парвини Маликзод иштирок доранд.

Дар рӯзномаи ҷаласаи солона «Таҳкими амнияти минтақавӣ тавассути рушди ҷомеаҳои демократӣ ва фарогир: нақши Ассамблеяи Парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Сипас ҷаласаҳои Маҷлиси Комитети генералии оид ба масъалаҳои сиёсй ва амният, Кумитаи генералӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, илм, технология ва муҳити зист, Кумитаи генералӣ оид ба демократия, ҳуқуқи инсон, масъалаҳои башардӯстона баргузор гардид.

Дар хотима маърузаҳои раиси Кумитаи махсус оид ба муҳоҷират, раиси комитети махсус оид ба муборизаи зидди терроризм ва ҳисобот дар бораи фаъолияти Ассамблеяи Парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо шунида шуд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 3, 2023 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид