Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо беш аз 2000 нафар машваратҳои сайёри ҳуқуқӣ гузаронидааст
ДУШАНБЕ, 26.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо беш аз 2000 нафар машваратҳои сайёри ҳуқуқӣ гузаронидааст. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода ба рӯзноманигорон хабар дод.
Иттилоъ дода шуд, ки дар айни замон дар 3 маркази вилоятии ҷумҳурӣ намояндагиҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон фаъолият намуда, дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби онҳо 112 машварати сайёри ҳуқуқӣ доир гардид.
Дар давраи ҳисоботӣ 871 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ сабт шудаанд, ки аксарияти онҳо вобаста ба ҳуқуқ ба манзил, ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ ва ҳуқуқи шахсони аз озодӣ маҳрумшуда мебошанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Масъалаи зиёд намудани сармоягузорӣ ба татбиқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави якчанд давлат эътимоднома қабул намуданд
ЭЪЛОН! Бақайдгирии намояндагони воситаҳои ахбори омма барои инъикоси Конфронси сеюми оби Душанбе оғоз шуд






