Вазорати нақлиёт: Дар роҳҳои Тоҷикистон ҳодисаҳои ба амал омадани садамаҳои нақлиётӣ афзоиш ёфтаанд
ДУШАНБЕ, 30.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз афзоиш ёфтани садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои мамлакат иттилоъ медиҳад. Тибқи хабари манбаъ, дар зарфи шаш моҳи соли равон дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 161 садама сабт гардидааст, ки дар он 171 нафар маҷруҳ ва 101 нафар ба ҳалокат расидаанд. Дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта сатҳи садаманокӣ 31 фоиз, шумораи фавтидагон 35 фоиз ва ҷароҳатбардоштагон 43 фоиз зиёд аст.
Садамаҳо асосан аз ҳисоби суръати баланди ҳаракати нақлиёт, риоя нагардидани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандагон ва истифодаи телефонҳои мобилӣ ҳангоми идораи нақлиёт рух додаанд.
Ин масъала 28 июл зимни нишасти матбуотии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон баррасӣ шуд. Таъкид шуд, ки таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ яке аз масъалаҳои рӯзмарра маҳсуб шуда, масъулини вазорат ҷиҳати беҳтар намудани шароити бехатарии ҳаракат дар роҳ бо истифода аз тамоми имконот мунтазам тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Таъкид шуд, ки дар муассисаҳои роҳнигоҳдорӣ оид ба барқароркунӣ ва гузоштани аломатҳои роҳ сол то сол аҳамияти чиддӣ дода мешавад. Ин аст, ки соли гузашта дар роҳҳо 2 ҳазору 335 ва соли равон 1800 аломат гузошта шудааст.
Вале, мутаассифона, солҳои охир ба амал омадани садамаҳо бо сабабҳои гуногун, аз қабили бо суръати хеле баланд ба ҳаракат даровардани нақлиёт, хусусан мошинҳои сабукрав, инчунин риоя нагардидани қоидаи ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард аз ҷониби ронандагоне, ки чандон таҷрибаи хуби ронандагӣ надоранд ва истифодаи телефонҳои мобилӣ бештар гардидааст.
Хуб мешуд, ки атрофи ин масъала, яъне ҷилавгирӣ ва коҳиш додани хавфи садамаҳо дар роҳҳои мошингарди мамлакат мақомоти марбутаи ҷумҳурӣ, хусусан Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дигар ниҳодҳои дахлдор тадбирҳои саривақтӣ, ҷиддӣ ва зарурӣ андешанд, зеро тавре дар урфият мегӯянд, «илоҷи воқеа қабл аз вуқуъ».
АКС аз манбаъҳои боз