3 август дар Кумитаи забон ва истилоҳот, Маркази миллии тестӣ, МД «Тоҷикфилм», Иттифоқи «Тоҷикматлубот» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 02.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 3 август дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот» оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи аввали соли 2023 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.
Дар Кумитаи забон ва истилоҳот нишасти матбуотӣ соати 08:00 баргузор мегардад.
Дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» нишасти матбуотӣ соати 09:30 доир мегардад.
Дар Иттифоқи «Тоҷикматлубот» нишасти матбуотӣ соати 11:00 баргузор карда мешавад.
Дар Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ соати 14:00 доир мешавад.
Тибқи нақша, вақти баргузории нишастҳои матбуотӣ дар тамоми вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият доранд, бо АМИТ «Ховар» мувофиқа мешавад. Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04,94-604-00-00.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳамарӯза дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.
Намояндагони воситаҳои ахбори омма метавонанд маълумотро оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи аввали соли 2023 аз сомонаҳои вазорату идораҳо дарёфт намоянд.