Аз 1 сентябр шумораи мусофирон зиёд мегардад. Нақлиёти ҷамъиятӣ ба ин давра чи гуна омодагӣ гирифтааст?
ДУШАНБЕ, 30.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола бо оғоз гардидани соли нави хониш шумораи мусофирон дар пойтахти мамлакат –шаҳри Душанбе ба маротиб зиёд мегардад. Аз ин лиҳоз роҳбарони корхона ва ҷамъиятҳои нақлиётии мусофирбари пойтахтро зарур аст, ки ҷиҳати таъмини саривақтии мусофирон бо нақлиёти ҷамъиятӣ дар ин давра тадбирҳои иловагӣ андешида, тибқи талаботи мавҷуда ба хатҳои сайр баромадани воситаҳои нақлиётро таъмин намоянд. Дар ин хусус зимни ҷаласаи корӣ дар назди муовини Раиси шаҳри Душанбе, ки бо мақсади омодагӣ ба соли нави хониши 2023-2024 ва инчунин сазовор таҷлил намудани ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки масъулини соҳаи нақлиёт ва роҳбарони корхонаву ҷамъиятҳои нақлиётии мусофирбари пойтахт доир гардид, гуфта шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон» хабар медиҳад, двар ҷаласа таъкид гардид, ки дар асоси нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе шахсони масъули муассиса ва корхонаву ҷамъияти нақлиётиро зарур аст дар соатҳои шиддати корӣ фаъолияти ронандагонро дар хатҳои сайр зери назорати доимӣ қарор дода, инчунин ба ҳолати техникӣ, санитарӣ, ҷадвали ҳаракат, намои зоҳирии воситаҳои нақлиёт ва сару либоси ронандагон диққати авалиндараҷа диҳанд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе иброз дошт, ки моҳи сентябр дар баробари таҷлили бошукуҳи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин чорабиниҳои зиёди сатҳи минтақавию байналмилалӣ дар назар дошта шудааст. Аз ин лиҳоз роҳбарони сохторҳои марбутаи соҳа ва корхонаву ҷамъиятҳои нақлиётиро зарур аст, ки ҷиҳати дар сатҳи хубу хотирмон ба роҳ мондани чорабиниҳои дар пешистода тадбирҳои зарурӣ андешанд.
АКС: МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон»








Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд
МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт






