Аз 1 сентябр шумораи мусофирон зиёд мегардад. Нақлиёти ҷамъиятӣ ба ин давра чи гуна омодагӣ гирифтааст?

Август 30, 2023 11:57

ДУШАНБЕ, 30.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола бо оғоз гардидани соли нави хониш шумораи мусофирон дар пойтахти мамлакат –шаҳри Душанбе ба маротиб зиёд мегардад. Аз ин лиҳоз роҳбарони корхона ва ҷамъиятҳои нақлиётии мусофирбари пойтахтро зарур аст, ки ҷиҳати таъмини саривақтии мусофирон бо нақлиёти ҷамъиятӣ дар ин давра тадбирҳои иловагӣ андешида, тибқи талаботи мавҷуда ба хатҳои сайр баромадани воситаҳои нақлиётро таъмин намоянд. Дар ин хусус зимни ҷаласаи корӣ дар назди муовини Раиси шаҳри Душанбе, ки  бо мақсади омодагӣ ба соли нави хониши 2023-2024 ва инчунин сазовор таҷлил намудани ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки масъулини соҳаи нақлиёт ва роҳбарони корхонаву ҷамъиятҳои нақлиётии мусофирбари пойтахт  доир гардид, гуфта шуд.  

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба  МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон» хабар медиҳад, двар ҷаласа таъкид гардид, ки  дар асоси нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе шахсони масъули муассиса ва корхонаву ҷамъияти нақлиётиро зарур аст дар соатҳои шиддати корӣ фаъолияти ронандагонро дар хатҳои сайр зери назорати доимӣ қарор дода, инчунин ба ҳолати техникӣ, санитарӣ, ҷадвали ҳаракат, намои зоҳирии воситаҳои нақлиёт ва сару либоси ронандагон диққати авалиндараҷа диҳанд.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе иброз дошт, ки моҳи сентябр дар баробари таҷлили бошукуҳи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин чорабиниҳои зиёди сатҳи минтақавию байналмилалӣ дар назар дошта шудааст. Аз ин лиҳоз роҳбарони сохторҳои марбутаи соҳа ва корхонаву ҷамъиятҳои нақлиётиро зарур аст, ки ҷиҳати дар сатҳи хубу хотирмон ба роҳ мондани чорабиниҳои дар пешистода тадбирҳои зарурӣ андешанд.

АКС: МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон»

 

Август 30, 2023 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд