БАХШИДА БА 32-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Ҳайати Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо мардуми ноҳияи Ашт вохӯрӣ намуд

Август 26, 2023 13:59

ДУШАНБЕ, 26.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар  ноҳияи Ашт бо ҷараёни сохтмони коргоҳи ҷӯроббофӣ ва корхонаи коркарди нахи пахта (дар як шабонарӯз 15 тонна) дар Ҷамоати деҳоти Шодоба шинос шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия хабар медиҳад.

Бояд гуфт,  ки иқтидори коргоҳи ҷӯроббофӣ дар як шабонарӯз 30 ҳазор ҷуфт ҷӯробро ташкил дода, 200 нафар занон ва сокинон соҳиби ҷойи кор мегарданд.

Тазаккур бояд дод, ки ин ду корхонаи азим метавонанд беш аз 600 нафарро бо ҷойи кори доимӣ ва маоши баланд таъмин намоянд.

Сипас, мулоқоти ҳайати Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар мавзуи «Ҳифзи дастовардҳои истиқлол дар раванди ҷаҳонишавӣ» доир шуд. Таъкид гардид, ки вохӯрии имрӯза дар асоси дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ҳадаф аз он ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ мебошад.

Дар фарҷом шоирону адибони ноҳия бобати хизматҳои беназири Пешвои миллат аз эҷодиёти худ порчаҳо қироат намуданд.

Дар фарҷоми мулоқот аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон пешқадамон бо Сипоснома сарфароз гардонида шуданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Ашт

Август 26, 2023 13:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳангоми истифодаи хабару маводи сомона истинод ба www.khovar.tj ҳатмӣ аст!
Саҳифаҳои расмии АМИТ «Ховар» дар шабакаҳои иҷтимоӣ: facebook.com/niatkhovar, t.me/niatkhovar, youtube.com/@niat_Khovar_tj, instagram.com/niat_khovar/, twitter.com/niatkhovar, Радиои Ховар 101.5 fm, facebook.com/khovarfm/
Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Ҳеҷ неруе наметавонад муносибатҳои бародаронаи мардумони ду давлатро халалдор намояд
Эмомалӣ Раҳмон: Хизмат ба Ватан, яъне хизмати ҳарбӣ, мактаби ҷавонмардӣ ва давраи ҳаматарафа обутоб ёфтани ҷавонон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: Хизмат ба Ватан – Модар қарзи фарзандии ҳар як ҷавон ба ҳисоб меравад
Эмомалӣ Раҳмон: Ман ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ҳар як сарбозро мисли фарзанди худ дӯст медорам
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Масъалаи зиёд намудани сармоягузорӣ ба татбиқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави якчанд давлат эътимоднома қабул намуданд