Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо барои солҳои 2010-2030 такмил дода шуд
ДУШАНБЕ, 23.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо барои солҳои 2010-2030 такмил дода шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Директори Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон», профессор Абдулҳамид Қаюмов хабар дод.
Нақшаи нави чорабиниҳо вобаста ба иҷрои «Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030» дар асоси қарори ҷаласаи назди Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, ки 14 марти соли 2022 баргузор шуд, омода шудааст.
Абдулҳамид Қаюмов иброз дошт, ки дар ҷаласа таъкид шуд, ки «Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030» ба тариқи зарурӣ иҷро нашудааст. Феҳристи пиряхҳо, ки яке аз вазифаҳои асосии ин барнома ба ҳисоб меравад, аз соли 2010 то имрӯз омода нашудааст. Аз ин лиҳоз Маркази омӯзиши пиряхҳо муваззаф гардонида шуд, ки «Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030»-ро такмил дода, онро ба ду марҳалаи иҷро тақсим намояд. Марҳалаи аввал солҳои 2023-2026 ва марҳалаи дуюм солҳои 2027-2030-ро дар бар гирифта, барои иҷрои барнома ягон маблағи иловагӣ талаб намешавад».
Кор карда баромадани феҳристи пиряхҳои Тоҷикистон бо истифодаи технологияҳои инноватсионии гео-иттилоотӣ» амалӣ ва пешниҳод гардида, давраи иҷрои лоиҳаи буҷети солҳои 2023-2026- ро дар бар мегирад.
Маркази омӯзиши пиряҳо оид ба дастовардҳои раванди иҷрои «Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва нигоҳдории пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030» як силсила мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавиро мунтазам ба табъ мерасонад, ки қаблан ин ҳолат вуҷуд надошт. Ин дастовардҳо имконият доданд, ки илми яхшиносии тоҷик дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардида, Марказ ба якчанд созмонҳои ҷаҳонӣ шомил шавад. Имрӯз олимони тоҷик маҷаллаи илмӣ оид ба яхшиносӣ «Криосфера»-ро дар якҷоягӣ бо шарикони рушди устувор доро мебошанд, ки дастовардҳои худро метавонанд дар сатҳи байналмилалӣ ба табъ расонанд.
Абдулҳамид Қаюмов тазаккур дод, ки мураттибони барнома ҳангоми таҳрири навбатӣ ба хулосае омаданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ташаббускор оид ба эълон кардани «Соли 2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» мебошад ва аз ин лиҳоз барнома бояд пӯшида набошад.
Бояд гуфт, ки сиёсати ояндасози Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият дод, ки дар даврони истиқлолият на танҳо Маркази омӯзиши пиряхҳо ва тақиқоти бунёди илмии сатҳи ҷаҳонӣ, балки мактаби илмии яхшиносони тоҷик ташкил шавад. Марказ ягона сохтори давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки дар самти омӯзиши пиряхҳо аз аттестатсия ва аккредитатсияи давлатӣ гузаштааст.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Ҷалби сармоя ба соҳаи энергетикаи Тоҷикистон бо намояндагони ширкати «Рокс Групп»-и Ветнам баррасӣ гардид
Оғози хизматрасонии байналмилалии пардохтии Apple Pay дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
Корхонаи коркарди партовҳои сахти маишӣ ва истеҳсоли неруи барқ бунёд карда мешавад
Дар минтақаҳои ҳавзаи дарёҳои Қаратоғ ва Зарафшон қариб 95 фоизи захираи барфи мавсимӣ об шудааст
Дар доираи татбиқи 6 созишномаи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода мешавад
Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Хатлон беш аз 17 миллиард сомониро ташкил медиҳад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Файзобод дар шаш моҳ 10,6 миллион сомонӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ равона гардидааст
Байни вазоратҳои адлияи Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар корхонаҳои шаҳри Ваҳдат беш аз 600 миллион сомониро ташкил дод
Доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда дар Ҳисор ҳамоиш баргузор шуд
Беш аз 60 маркази шаҳру ноҳияҳо бо нақшаи генералӣ таъмин мебошанд
Дурнамои ҳамкории дуҷонибаи вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Беларус баррасӣ гардид






