Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо барои солҳои 2010-2030 такмил дода шуд

Август 24, 2023 15:19

ДУШАНБЕ, 23.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо барои солҳои 2010-2030   такмил дода шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Директори Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон», профессор Абдулҳамид Қаюмов хабар дод.

Нақшаи нави чорабиниҳо вобаста ба иҷрои «Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030» дар асоси қарори ҷаласаи назди Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, ки 14 марти соли 2022 баргузор шуд, омода шудааст.

Абдулҳамид Қаюмов иброз дошт, ки дар ҷаласа таъкид шуд, ки  «Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030» ба тариқи зарурӣ иҷро нашудааст. Феҳристи пиряхҳо, ки яке аз вазифаҳои асосии ин барнома ба ҳисоб меравад, аз соли 2010 то имрӯз омода нашудааст. Аз ин лиҳоз Маркази омӯзиши пиряхҳо муваззаф гардонида шуд, ки «Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030»-ро такмил дода, онро ба ду марҳалаи иҷро тақсим намояд. Марҳалаи аввал солҳои 2023-2026 ва марҳалаи дуюм солҳои 2027-2030-ро дар бар гирифта, барои иҷрои барнома ягон маблағи иловагӣ талаб намешавад».

Кор карда баромадани феҳристи пиряхҳои Тоҷикистон бо истифодаи технологияҳои инноватсионии гео-иттилоотӣ» амалӣ ва пешниҳод гардида, давраи иҷрои лоиҳаи буҷети солҳои 2023-2026- ро дар бар мегирад.

Маркази омӯзиши пиряҳо оид ба дастовардҳои раванди иҷрои «Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва нигоҳдории пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030» як силсила мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавиро мунтазам ба табъ мерасонад, ки қаблан ин ҳолат вуҷуд надошт. Ин дастовардҳо имконият доданд, ки илми яхшиносии тоҷик дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардида, Марказ ба якчанд созмонҳои ҷаҳонӣ шомил шавад. Имрӯз олимони тоҷик маҷаллаи илмӣ оид ба яхшиносӣ «Криосфера»-ро дар якҷоягӣ бо шарикони рушди устувор доро мебошанд, ки дастовардҳои худро метавонанд дар сатҳи байналмилалӣ ба табъ расонанд.

Абдулҳамид Қаюмов тазаккур дод, ки мураттибони барнома ҳангоми таҳрири навбатӣ ба хулосае омаданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ташаббускор оид ба эълон кардани «Соли 2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» мебошад ва аз ин лиҳоз барнома бояд пӯшида набошад.

Бояд гуфт, ки сиёсати ояндасози Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият дод, ки дар даврони истиқлолият на танҳо Маркази омӯзиши пиряхҳо ва тақиқоти бунёди илмии сатҳи ҷаҳонӣ, балки мактаби илмии яхшиносони тоҷик ташкил шавад. Марказ ягона сохтори давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки дар самти омӯзиши пиряхҳо аз аттестатсия ва аккредитатсияи давлатӣ гузаштааст.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

 АКС аз манбаъҳои боз 

 

Август 24, 2023 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Зафаробод агрегати нави пойгоҳи обкашӣ васлу насб карда шуд
Дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар Вена баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ шуд
Дар Вена роҳҳои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Фонди рушди байналмилалии OPEC баррасӣ гардид
Исломиддин Раҳмон: «Тоҷикистон ҳамчун аъзои фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳалли масъалаҳои глобалӣ саҳми арзишманд мегузорад»
Тақвияти ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Агентии рейтенгии «S&P Global Ratings» баррасӣ шуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Кувайтии рушди иқтисодиёти араб оид ба лоиҳаи «Рушди мактабҳо» Созишномаи қарзӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми рушди ОПЕК-2026 дар Австрия иштирок намуд
Дар Австрия дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва ЮНИДО баррасӣ шуд
ҶАЛАСАИ 45-УМИ ШУРОИ ИДОРАКУНАНДАГОНИ ФОНДИ ИҚЛИМИ САБЗ. Дар Тоҷикистон нуҳ лоиҳа ва барнома татбиқ мегардад
Профессори Донишгоҳи байналмилалиии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон: «Сарвари давлати моро дар арсаи байналмилалӣ чун «Меъмори дипломатияи об» мешиносанд»
Дар Ашт боғи интенсивӣ бо усули объёрии қатрагӣ ва боронӣ ташкил карда шудааст