Дар Душанбе Форуми олимони давлатҳои Осиёи Марказӣ доир мегардад
 
			
					
										ДУШАНБЕ, 30.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 13-14 сентябр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Форуми олимони мамлакатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи робитаҳои байналмилалии Академияи миллии илмҳо.
Форум дар доираи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, доир мегардад.
Дар форум роҳбарон ва коршиносони академияҳои илмҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон ва олимони тоҷик иштирок менамоянд.
Ҳамзамон дар доираи ин ҳамоиш шиносоӣ бо дастовардҳои илми тоҷик, ташриф ба мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.
Бо ин мақсад кумитаи тадорукот ташкил шуда, масъулин ва мутасаддиён барои дар сатҳи баланд гузаронидани форуми илмӣ вазифадор гардидаанд.
АКС: АМИТ «Ховар»









 
						
 «ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои  миллӣ оғоз гардид
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои  миллӣ оғоз гардид ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад Масъалаи зиёд намудани сармоягузорӣ ба татбиқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ гардид
Масъалаи зиёд намудани сармоягузорӣ ба татбиқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ гардид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави якчанд давлат эътимоднома қабул намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави якчанд давлат эътимоднома қабул намуданд ЭЪЛОН! Бақайдгирии намояндагони воситаҳои ахбори омма барои инъикоси Конфронси сеюми оби Душанбе оғоз шуд
ЭЪЛОН! Бақайдгирии намояндагони воситаҳои ахбори омма барои инъикоси Конфронси сеюми оби Душанбе оғоз шуд 
									 
									 
									 
									 
									





