Дар Душанбе Форуми олимони давлатҳои Осиёи Марказӣ доир мегардад

Август 30, 2023 16:27

ДУШАНБЕ, 30.08.2023 /АМИТ  «Ховар»/. 13-14 сентябр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Форуми олимони мамлакатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи робитаҳои байналмилалии Академияи миллии илмҳо.  

Форум дар доираи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, доир мегардад.

Дар форум роҳбарон ва коршиносони академияҳои илмҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон ва олимони тоҷик иштирок менамоянд.

Ҳамзамон дар доираи  ин ҳамоиш шиносоӣ бо дастовардҳои илми тоҷик, ташриф ба мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.

Бо ин мақсад кумитаи тадорукот ташкил шуда, масъулин ва мутасаддиён барои дар сатҳи баланд гузаронидани форуми илмӣ вазифадор гардидаанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 30, 2023 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан ба ятимон туҳфаҳо тақдим намуданд
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
Эмомалӣ Раҳмон: Хизмат ба Ватан, яъне хизмати ҳарбӣ, мактаби ҷавонмардӣ ва давраи ҳаматарафа обутоб ёфтани ҷавонон мебошад
Ҳангоми истифодаи хабару маводи сомона истинод ба www.khovar.tj ҳатмӣ аст!
Саҳифаҳои расмии АМИТ «Ховар» дар шабакаҳои иҷтимоӣ: facebook.com/niatkhovar, t.me/niatkhovar, youtube.com/@niat_Khovar_tj, instagram.com/niat_khovar/, twitter.com/niatkhovar, Радиои Ховар 101.5 fm, facebook.com/khovarfm/
Эмомалӣ Раҳмон: Хизмат ба Ватан – Модар қарзи фарзандии ҳар як ҷавон ба ҳисоб меравад
Эмомалӣ Раҳмон: Ман ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ҳар як сарбозро мисли фарзанди худ дӯст медорам
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Масъалаи зиёд намудани сармоягузорӣ ба татбиқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд