Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Балҷувон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 28.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 август дар «Боғи кӯдакон»-и шаҳри Душанбе намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабии ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон баргузор шуд.
Деҳқонони ноҳияи Балҷувон имсол ҳосили фаровон ба даст оварда, маҳсулоти кишоварзии худро бо нархҳои нисбат ба бозор арзон пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт гардониданд.
Маҳсули дасти ҳунармандони ноҳия, аз қабили нону фатир, гулдӯзиҳо, дастовардҳои соҳаи варзишӣ ва ғайра ба маърази тамошо гузошта шуд.
Дар зер суратгузориши АМИТ «Ховар»-ро аз баргузории ин намоиш пешниҳоди хонандагон мегардонем.
АКС аз манбаъњои боз


















Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






