Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Шуғнон доир гардид
ДУШАНБЕ, 14.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаи фарҳангиву фароғатии ноҳияи Шуғнон доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби деҳқонони ноҳия намунаи беҳтарини маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ, аз қабили зироати донагӣ, меваю сабзавот, полезӣ ва дигар навъи маҳсулоти хоҷагии қишлоқ намоиш дода шуд.
Бояд гуфт, ки дар ноҳия шуғли асосии мардум зироаткорӣ ва чорводорӣ мебошад. Аҳли заҳмати ноҳия бо истифода аз иқлими мусоид ва таъмини шароиту имконоти хоси соҳаи кишоварзӣ ҳар порча заминро самаранок истифода менамоянд. Онҳо ҳосили дилхоҳ ба даст оварда, ҳам сатҳи зиндагии хешро беҳтар менамоянд ва ҳам ба ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ мусоидат менамоянд.
Ҳамзамон дар ноҳияи Шуғнон ба парвариши чорво диққати махсус зоҳир гардида, масъулон дар ин самт корҳои назаррас анҷом медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки шоми 12 август дар Боғи Ирами пойтахт намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи фарҳангии ноҳияи мазкур доир гардид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон