Дар Тоҷикистон корхонаи муштараки истеҳсоли электромобилҳо бунёд мегардад
ДУШАНБЕ, 23.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин оид ба истеҳсоли электромобилҳо бо иқтидори истеҳсоли 1500 автомошина дар як сол, ба маблағи 25 миллион доллари ИМА бунёд мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, зимни сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки 20 августи соли равон оғоз гардид, маросими баимзорасонии санадҳои ҳамкории бахши хусусии Чин ва Тоҷикистон баргузор шуд. Аз ҷумла, Ёддошти тафоҳум байни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гуруҳ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Джинчуен»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ташкил, бунёд ва идоракунии корхонаи муштарак оид ба истеҳсоли электромобилҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқтидори истеҳсоли 1500 автомошина дар як сол, ба маблағи 25 миллион доллари ИМА ба имзо расонида шуд.
Дар маросими мазкур ҳамчунин Созишномаи қолабӣ байни Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Рунҷонг Холдинг Групп»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба навсозӣ ва то 180 ҳазор тонна дар як сол расонидани истеҳсоли карбамид дар корхонаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот» ба маблағи 50 миллион доллари ИМА, Созишномаи қолабӣ байни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Осиё Кемикал»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Рунҷонг Холдинг Групп»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба сохтмони корхонаи нав оид ба истеҳсоли карбамид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқтидори 300 ҳазор тонна дар як сол, ба маблағи 300 миллион доллари ИМА, Ёддошти тафоҳум байни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мармарӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Таҷонг Интерпрайс Менеҷмент Консалтинг Co. Ltd.»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи таъсис додани корхонаи муштарак оид ба сохтмон ва истифодабарии маркази логистикӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 26 миллион доллари ИМА ба имзо расиданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад






