Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вобаста ба ду вохӯрии сатҳи баланд дар Душанбе брифинг баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 28.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 30 август, соати 11:00 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал брифинг баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
«Аз ин рӯ хоҳишмандем намояндагони воситаҳои ахбори омма то 28 августи соли 2023, соати 17:00 ба раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо телефони 221-83-95 ё почтаи электронии pressaccreditation@mfa.tj дар бораи иштироки худ (ному насаби хабарнигор, номи ВАО, почтаи электронӣ) иттилоъ диҳанд», — таъкид намуданд дар Вазорат.
Дар робита ба ин, намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ бояд то 5 сентябри соли 2023 ба раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар бораи иштироки худ дар ин брифинг тавассути почтаи электронии informdepartment@mfa.tj хабар дода, маълумоти зарурӣ пешниҳод намоянд.
Тавре қаблан хабар додем, 14-15 сентябри соли 2023 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал баргузор мегардад.
АКС: АМИТ «Ховар»