Дастранҷи деҳқонону кишоварзони ноҳияи Зафаробод пешкаши сокинону меҳмонони пойтахт гардонида шуд
ДУШАНБЕ, 14.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи таҷлили ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи чорабиниҳои тасдиқнамудаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи фарҳангию фароғатии «Куруши Кабир»-и шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллии ноҳияи Зафаробод баргузор гардид, ки аз ҷониби сокинон ва меҳмонони пойтахт хуш истиқбол гардид.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки 13 август аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои кишоварзону сокинони ноҳияи Зафаробод дар соҳаҳои маориф, варзиш, фарҳанг, кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, ки бозгӯи таърихи гузашта ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ мебошанд, муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода, Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қурбон Ҳакимзода, Раиси ноҳияи Зафаробод Зуфар Исмоилзода ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода боздид намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки дар намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дастранҷи деҳқонони ноҳияи Зафаробод, маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили зироати ғалладонагӣ, мева, маҳсулоти полезӣ, навъҳои гуногуни нону шириниҳо ва кулчақандҳо, таомҳои миллӣ ба намоиш ва фурӯш гузошта шуданд. Инчунин дар як гӯшаи боғ дастовардҳои сокинони ноҳияи Зафаробод дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг ва варзиш, инчунин ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуданд.
Бояд тазаккур дод, ки дар намоиш –фурӯши маҳсулоти соҳаи кишоварзии ноҳияи Зафаробод беш аз 20 тонна маҳсулоти тару тозаи кишоварзии хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия, аз ҷумла, картошка, пиёз, сабзӣ, каду, себ, ангур, тарбуз, харбуза, гӯшти гов, тухм, маҳсулоти нонӣ ва қаннодӣ, тухмии зироати ғалладонагӣ: гандум, ҷав, ҷуворимакка ва дигар маҳсулоти озуқаворӣ бо нархҳои нисбат ба бозор 30-40 фоиз арзонтар пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт гардонида шуд, ки ба ғанӣ гардонидани дастархони мардуми пойтахт мусоидат менамояд.
Сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Зафаробод Раҳим Асозода иброз дошт, ки деҳқонону кишоварзони ноҳия бо истифода аз шароити мусоид ва таъмини шароиту имконоти хоси соҳаи кишоварзӣ бо тавсияи олимони соҳа ва дуруст ба роҳ мондани агротехникаи кишоварзӣ ҳар порча заминро самаранок истифода намуда, ҳосили дилхоҳ ба даст оварда, сатҳи зиндагии худро беҳтар ва дар ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ саҳми муносиб мегузоранд.
Парвариши пахта яке аз соҳаи сердаромад ва содиротии ноҳия буда, беш аз 90 фоизи маҳсулоти саноатии ноҳия аз истеҳсоли он вобаста аст. Ғайр аз ин пахтакорӣ сарчашмаи муҳайё кардани ҷойи корӣ ва манбаи хуби даромади аҳолӣ мебошад. Қисми бештари заминҳои ноҳияи Зафаробод бо усули обёрии мошинӣ бо об таъмин мешаванд. Дар иртибот ба ин сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Зафаробод Раҳим Асозода афзуд, ки Зафаробод ноҳияи пахтакор буда, соли равон кишоварзон дар майдони беш аз 11 ҳазор гектар тухми пунбадона кишт намуданд, ки ҳоло ҳосили пахта хуб аст. Инчунин дар ноҳия ҳосили зироати ғалладонагӣ пурра ҷамъоварӣ гардида, ҳосили зироати хӯроки чорво низ ғунучин шудааст. Деҳқонону кишоварзони ноҳияи Зафаробод аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намуда, кӯшиш менамоянд, ки дар таъмини амнияти озукавории мамлакат саҳми муносиб гузоранд.
Ёдовар мешавем, ки шоми 13 август дар Боғи «Куруши Кабир»-и шаҳри Душанбе намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи фарҳангии санъаткорони ноҳияи Зафаробод доир гардид.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»