ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад

Март 28, 2024 16:14

ДУШАНБЕ, 28.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре чанде пеш иттилоъ дода будем, Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдори мамлакат, рӯзномаҳои давлатӣ ва  маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» бо мақсади иҷрои банди 27-и ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмуни «Вассофи Ватан»-ро эълон  менамояд.

Мақсади асосии фестивал-озмун тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихор аз Истиқлоли давлатӣ, эҳтирому муҳаббат ба Ватан ва расму оинҳои мардумӣ, дарёфти муаллифони боистеъдод, эҷодкор ва навовару бомаҳорат, тарғиб ва муаррифии дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ, таърихи миллати тоҷик ва фарзандони фарзонаи он дар сатҳи ҷумҳурӣ ва ҷаҳон, афзалияти Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, муаррифии табиати нотакрор, олами ҳайвоноту наботот, парандагон ва обҳои шифобахши он, инчунин ҳавасманд гардонидани онҳо мебошад.

Интихоби беҳтарин маводи насрӣ (мақола, ҳикоя, қисса ва ғайра), ролики таблиғотӣ, барнома ё филми муаллифӣ дар васфи Ватан, дастовардҳои миллӣ, табиати нотакрор ва мавзеъҳои сайёҳӣ дар як давр бо роҳи арзёбии маводи пешниҳодгардида аз ҷониби ҳакамони фестивал-озмун анҷом дода мешавад.

Фестивал-озмун аз моҳи апрел то охири октябри соли 2024 гузаронида мешавад. Мавод тавассути почтаи электронии ozmun@khovar.tj то 15 октябри соли 2024 қабул карда мешавад. Маводи ба озмун пешниҳодшаванда бояд ба забони давлатӣ (тоҷикӣ) ё ба забони русӣ таҳия шуда бошад. Барои арзёбии маводи ба фестивал-озмун пешниҳодшуда ҳайати ҳакамон аз ҳисоби намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳои масъул ва сармуҳаррирони маҷаллаву рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ таъсис дода мешавад.

Мавод ба фестивал-озмун бояд дар шакли чопӣ ва электронӣ (шрифти Palatino Linotype 14 дар формати А4 ба андозаи аз 2 то 5 саҳифа), видеоролик дар ҳаҷми 3-5 дақиқа, барнома ё филми муаллифии кӯтоҳ дар ҳаҷми то 15 дақиқа ирсол карда шавад.

Маводи беҳтарини ба озмун пешниҳодшуда баъди баҳогузорӣ аз ҷониби АМИТ «Ховар» ва нашрияҳои ҷумҳуриявӣ, инчунин шабакаҳои иҷтимоӣ тарғиб карда мешавад.

Комиссияи фестивал-озмун номи 12 ғолиби озмун: се ғолиб дар номинатсияи «Беҳтарин маводи насрӣ (мақола, ҳикоя, қисса ва ғайра)» (ҷойҳои 1-ум, 2-юм ва 3-юм), се ғолиб дар номинатсияи «Беҳтарин ролики таблиғотӣ, барнома ё филми муаллифии кӯтоҳ» (ҷойҳои 1-ум, 2-юм ва 3-юм), се ғолиб дар номинатсияи «Беҳтарин тарғибгари дастовардҳои миллӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ» (ҷойҳои 1-ум, 2-юм ва 3-юм) ва се ғолиб дар номинатсияи «Беҳтарин тарғибгари мавзеъҳои сайёҳӣ дар воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ» (ҷойҳои 1-ум, 2-юм ва 3-юм)-ро эълон менамояд.

Иштирокчиёне, ки ғолиб мегарданд, аз рӯйи номинатсияҳо бо мукофоти пулӣ ва диплому сипосномаҳо ҳавасманд гардонда мешаванд.

Телефонҳо барои тамос: 888-08-34-04, 238-54-23

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 28, 2024 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
ҲАРГИЗ НАМИРАД ОН КИ ДИЛАШ ЗИНДА ШУД БА ИШҚ. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистон беш аз сад маротиба ба нашр расидааст
КУЛОЛГАРӢ. Саразми бостон яке аз нахустин марказҳои кулолгарии Осиёи Марказӣ будааст