Имрӯз дар Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва Академияи миллии илмҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 07.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2023 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.
Дар Академияи миллии илмҳо нишасти матбуотӣ соати 08:00 баргузор мегардад.
Нишасти матбуотии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ соати 09:30 доир мешавад.
Дар Суди Олии иқтисодӣ нишасти матбуотӣ соати 11:00 баргузор мешавад.
Дар Вазорати саноат ва технологияҳои нав нишасти матбуотӣ соати 14:00 доир мегардад.
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода нишасти матбуотӣ соати 10:00 баргузор мешавад.
Тибқи нақша, вақти баргузории нишастҳои матбуотӣ дар тамоми вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият доранд, бо АМИТ «Ховар» мувофиқа мешавад. Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04,94-604-00-00.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳамарӯза дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.
Намояндагони воситаҳои ахбори омма метавонанд маълумотро оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи аввали соли 2023 аз сомонаҳои вазорату идораҳо дарёфт намоянд.