Моҳи август ҳаво дар Тоҷикистон чӣ гуна хоҳад буд?
ДУШАНБЕ, 01.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҳавои моҳи охирини тобистон- август ба обу ҳавои моҳи августи соли 2001 монанд хоҳад шуд. Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёр ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баланд ва дар баъзе ноҳияҳои дигар 1 дараҷа паст пешгӯӣ мешавад. Дар ин хусус зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» муовини Директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева иттилоъ дод.
Дар ин давра дар вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1-2 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 26+28 ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 23 дараҷаро ташкил медиҳад. Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона аз 19+24 то 14+19 дараҷа гарм, рӯзона аз 36+41 то 32+37 дараҷа гарм мешавад. Бориш асосан дар ноҳияҳои доманакӯҳ дар назар буда, миқдори моҳонаи онҳо аз меъёри иқлимӣ кам пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 0-1 мм, дар доманакӯҳҳо 0,4-3 мм-ро ташкил медиҳад. Боронҳои кӯтоҳмуддат ва раъду барқ эҳтимол дар аввал ва охири моҳ ба амал оянд. Ҳангоми ба амал омадани бориш эҳтимоли шиддатёбии вазиши шамол аз самти ғарб бо суръати то 12-17 метр дар як сония пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои водигӣ чангу ғубор ба амал меояд.
Дар вилояти Суғд ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёр ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 26+27 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ 15+17 дараҷаро ташкил медиҳад. Миқдори моҳонаи бориш дар ҳудуди меъёри иқлимӣ буда, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёр зиёд пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 0,3 мм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 11-32 мм-ро ташкил медиҳад. Ба амал омадани боронҳои кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар нимаи аввал ва охири моҳ аз эҳтимол дур набуда, дар баъзе ноҳияҳо шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 15-20 метр дар як сония пешгӯӣ мешавад.
Дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёр 1 дараҷа паст пешгӯӣ шуда, дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 17+22 дараҷаро ташкил медиҳад. Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, рӯзона аз 29+34 то 24+29 дараҷа ва шабона аз 13+18 то 10+15 дараҷа гарм мешавад. Миқдори моҳонаи бориш дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар ҳудуд ва аз меъёри иқлимӣ кам, дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳудуди меъёри иқлимӣ пешгӯӣ шуда, дар доираи меъёри 1,2-1,4 мм бебориш дар назар дошта шудааст.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ охири моҳ ба амал омадани боронҳои кӯтоҳмуддат ва раъду барқ аз эҳтимол дур набуда, дар ноҳияҳои алоҳида вазиши шамол бо шиддати то 15-20 метр дар як сония дар назар аст.
Дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе минтақаҳо аз меъёр 1 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, 10+12 дараҷаро ташкил медиҳад. Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар дошта шуда, шабона аз 6+11 то 2+7 дараҷа гарм, рӯзона аз 18+23 то 12+17 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад. Миқдори моҳонаи бориш аз меъёри иқлимӣ зиёд пешгӯӣ мешавад. Давоми моҳ дар минтақаҳои алоҳида дар баъзе ҳолатҳо шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 12-17 метр дар як сония дар назар дошта шудааст.
АКС аз манбаъҳои боз