НАМОИШ-ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ. Аз ҷониби хоҷагидорони ноҳияи Ёвон 47 тонна маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ба сокинони Душанбе пешниҳод шуд
ДУШАНБЕ, 12.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар Боғи Кӯдакони шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Ёвон доир шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби деҳқонони ноҳия намунаи беҳтарини маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ, аз қабили зироати донагӣ, меваю сабзавот, полезӣ ва дигар навъи маҳсулоти хоҷагии қишлоқ намоиш дода шуд.
Аз ҷумла, ба сокинону меҳмонони пойтахт қариб 47 тонна маҳсулоти мавриди ниёзи аввал бо нархи нисбат ба бозор арзон ба фурӯш бароварда шуд. Аз ҷумла, картошка, пиёз, сабзӣ, карам, каду, помидор, бодиринг, себ, ангур, олу, харбуза, тарбуз, биринҷ, гӯшти гов, меваи хушк, тухм ва дигар маҳсулоти озуқаворӣ бо нархҳои нисбат ба бозор арзонтар пешниҳод гардиданд.
Сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Ёвон Мирзоалӣ Азизов иброз дошт, ки аҳли заҳмати ноҳия бо истифода аз иқлими мусоид ва таъмини шароиту имконоти хоси соҳаи кишоварзӣ бо тавсияи олимони соҳа ва дуруст ба роҳ мондани агротехникаи кишоварзӣ ҳар порча заминро самаранок истифода менамоянд. Онҳо ҳосили дилхоҳ ба даст оварда, ҳам сатҳи зиндагии хешро беҳтар менамоянду ҳам дар ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ мусоидат менамоянд.
Ба гуфтаи мавсуф, соли равон аз ҷониби хоҷагидорони ноҳия дар майдони 10 ҳазору 160 гектар пахта кишт шуда, дар майдони 800 гектар кишти пиёз, дар майдони 320 гектар картошка парвариш шуд, ки аз онҳо то имрӯз қариб 25 ҳазор тонна пиёз ва 4,5 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст.
Гуфта шуд, ки дар ноҳия ба парвариши чорво низ диққати махсус зоҳир гардида, масъулон дар ин самт корҳои назаррас анҷом медиҳанд. Дар ноҳия Комплекси чорводории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мармарӣ» фаъолият менамояд, ки дар он қариб 3 ҳазор сар чорво парвариш меёбад.
«Нигоҳубини чорво дар маҷмаа бо истифода аз техникаву таҷҳизоти муосир ба роҳ монда шуда, барои муайян намудани самараи парвариш ҳар моҳ ба таври мунтазам вазнкашии чорво тавассути воситаҳои рақамӣ гузаронида мешавад»,-гуфт Мирзоалӣ Азизов.
Мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи Ёвон Суҳроб Сиддиқзода дар суҳбат ба мо иброз дошт, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон сохтмони 498 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст.
«Дар ноҳия нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни мазкур ва Солҳои рушди саноат эълон шудани солҳои 2022-2026 таҳия шуда, дар доираи он дар ноҳия коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ, иншооти соҳаи тандурустӣ, маориф, фарҳанг, соҳаи варзиш, соҳаи кишоварзӣ, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, иншооти хизматрасонию савдо ва иншооти дигар бунёд мегарданд», -афзуд мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи Ёвон.
Ёдовар мешавем, ки шоми имрӯз дар Боғи Кӯдакони шаҳри Душанбе намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи фарҳангии ноҳияи мазкур доир мегардад.
Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»