НИШАСТИ МАТБУОТӢ. 15 август дар Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати молия, Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 14.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 15 август дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2023 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.
Дар Вазорати молия нишасти матбуотӣ соати 09:00 доир мешавад.
Дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нишасти матбуотӣ соати 09:00 баргузор мегардад.
Дар Прокуратураи генералӣ нишасти матбуотӣ соати 10:00 гузаронида мешавад.
Дар Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ соати 10:00 баргузор мегардад.
Дар Вазорати корҳои хориҷӣ нишасти матбуотӣ соати 10:30 доир мешавад.
Ёдовар мешавем, ки нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилоти дигар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2023 26 июл оғоз шуда, 15 август ҷамъбаст мегарданд.








«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Масъалаи зиёд намудани сармоягузорӣ ба татбиқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави якчанд давлат эътимоднома қабул намуданд
ЭЪЛОН! Бақайдгирии намояндагони воситаҳои ахбори омма барои инъикоси Конфронси сеюми оби Душанбе оғоз шуд






