НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Амонатбонк» 167 ҳазор корти «Фарогир»-ро интишор ва ба филиалҳои бонк дастрас намуд

Август 13, 2023 13:38

ДУШАНБЕ, 13.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Амонатбонк» аз интишор гардидани 167 ҳазор корти «Фарогир» (бе ному насаб) ва дастрас намудани онҳо ба филиалҳои бонк иттилоъ медиҳад. Тавре раиси Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ 8 август дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ин иқдом ҷиҳати расонидани хизмати саривақтӣ ба мизоҷон амалӣ шуда, барои зиёд намудани мизоҷон, пешбурди самарабахши раванди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, хусусан ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббарорбаркунии  ғайринақдӣ», ки  22 июни соли 2023 ба имзо расида буд,  нақши муҳим гузошта истодааст.

Бо дахли муҳимияти Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббарорбаркунии  ғайринақдӣ» Сироҷиддин Икромӣ таъкид намуд, ки  санади мазкур ба рушди ҳисоббаробаркунии  ғайринақдӣ дар мамлакат такони ҷиддӣ  мебахшад.

Таҷрибаи давлатҳои пешрафта  аз он шаҳодат медиҳад, ки   густариши низоми ҳисоббаробаркунии  ғайринақдӣ яке аз  омилҳои рушди босуботи  иқтисодиёти миллӣ ва низоми молиявии мамлакат маҳсуб шуда, дар таъмини шаффофияти  амалиёти молиявӣ,  ғанӣ гардонидани    буҷети давлат, пешгирии омилҳои коррупсионӣ  ва коҳиши таъсири омилҳои  инсонӣ нақши  муассир дорад.

                                                                          Марзия САИДЗОДА,
АМИТ
«Ховар»

                                                                                АКС: АМИТ «Ховар»

Август 13, 2023 13:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
Рушди инфрасохтори пардохтӣ дар вохӯрии минтақавии роҳбарияти бонкҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баррасӣ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1500 то 9.2136 сомонӣ муқаррар шудааст
Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон созишномаҳои грантӣ ба имзо расонид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1126 сомонӣ муқаррар шудааст
«Саноатсодиротбонк» ғолиби ҷoизаҳои байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид
«Амонатбонк» барандаи ҷоизаи байналмилалии WSBI-ESBG SDG Awards 2026 гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3396 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2600 то 9.2700 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1104 сомонӣ муқаррар шудааст