Рӯзҳои истироҳат дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии шаҳру ноҳияҳои мамлакат доир мегардад
ДУШАНБЕ, 17.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои истироҳат- 19-20 август дар шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии шаҳру ноҳияҳои мамлакат доир мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати кишоварзӣ.
Рӯзи шанбе, 19 август намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии ноҳияи Деваштич дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, ноҳияи Ванҷ дар Боғи Куруши Кабир ва шаҳрҳои Леваканту Норак дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Кӯли ҷавонон» баргузор мешавад.
Рӯзи якшанбе, 20 август намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии ноҳияҳои Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ дар Боғи «Низомиддин Алишери Навоӣ», ноҳияи Дарвоз дар Боғи Ирам ва шаҳри Бохтар дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ доир мегардад.
Вақти баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва таомҳои миллӣ аз соати 08:00 то 11:00 ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ, барномаи фарҳангиву адабӣ аз соати 17:00 то 20:00 муқаррар шудааст.
Дар намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби деҳқонони шаҳру ноҳияҳо ба сокинону меҳмонони пойтахт маҳсулоти кишоварзӣ бо нархи дастрас пешниҳод мешавад.
Ёдовар мешавем, ки то имрӯз шаҳру ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор, Ваҳдат, Шаҳритус, Конибодом, Қубодиён, Турсунзода, Ҷайҳун, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Шаҳринав, Панҷ, Ашт, Нуробод, Кӯшониён, Мастчоҳ, Файзобод, Восеъ, Хуҷанд, Тоҷикобод, Ҷалолиддини Балхӣ, Бӯстон, Сангвор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Гулистон, Варзоб, Кӯлоб, Истаравшан, Роғун, Вахш, Истиқлол, Шуғнон, Ёвон, Зафаробод, Рӯшон ва Дӯстӣ намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии худро дар боғҳои пойтахти мамлакат баргузор намуданд.
Бояд гуфт, ки намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе аз 1 июл оғоз гардида, то 3 сентябр идома меёбанд.
АКС: АМИТ «Ховар»