Рӯзҳои истироҳат дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии шаҳру ноҳияҳои мамлакат доир мегардад

Август 24, 2023 19:20

ДУШАНБЕ, 24.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои истироҳат- 26-27 август дар шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии шаҳру ноҳияҳои мамлакат доир мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати кишоварзӣ.

Рӯзи шанбе, 26 август намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии ноҳияи Айнӣ дар «Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ», ноҳияи Лахш дар «Боғи Куруши Кабир», ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  дар Боғи «Низомиддин Алишери Навоӣ» ва ноҳияи Фархор дар «Боғи фарҳангу фароғати ба номи Абулқосим Фирдавсӣ» баргузор мешавад.

Рӯзи якшанбе, 27 август намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин ва Муъминобод дар «Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Кӯли ҷавонон», ноҳияи Носири Хусрав дар «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ» ва ноҳияи Балҷувон дар «Боғи Кӯдакон» доир мегардад.

Вақти баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва таомҳои миллӣ аз соати 08:00 то 11:00 ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ, барномаи фарҳангиву адабӣ аз соати 17:00 то 20:00 муқаррар шудааст.

Дар намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби деҳқонони шаҳру ноҳияҳо ба сокинону меҳмонони пойтахт маҳсулоти кишоварзӣ бо нархи дастрас пешниҳод мешавад.

Ёдовар мешавем, ки то имрӯз шаҳру ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор, Ваҳдат, Шаҳритус, Конибодом, Қубодиён, Турсунзода, Ҷайҳун, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Шаҳринав, Панҷ, Ашт, Нуробод, Кӯшониён, Мастчоҳ, Файзобод, Восеъ, Хуҷанд, Тоҷикобод, Ҷалолиддини Балхӣ, Бӯстон, Сангвор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Гулистон, Варзоб, Кӯлоб, Истаравшан, Роғун, Вахш, Истиқлол, Шуғнон, Ёвон, Зафаробод, Рӯшон, Дӯстӣ, Деваштич, Ванҷ, Левакант, Норак, Шаҳристон, Кӯҳистони Мастчоҳ, Дарвоз ва Бохтар  намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии худро дар боғҳои пойтахти мамлакат баргузор намуданд.

Бояд гуфт, ки намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе аз 1 июл оғоз гардида, то 3 сентябр идома меёбанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

 

Август 24, 2023 19:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҶОМИ РУШД-2024». Иштироки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар ин мусобиқа ба анҷом расид
ФУТБОЛ. Шаҳром Самиев фаъолияташро дар дастаи «Андиҷон»-и Узбекистон идома медиҳад
Ҷавонони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд пешниҳоди Рӯзи ҷаҳонии футболро ҷонибдорӣ менамоянд
Дар Теҳрон ҷаласаи Гурӯҳи кории махсус оид ба мусоидат ба сармоягузории давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Дар Хатлон Шурои вилоятии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон баргузор шуд
Саҳифаҳои расмии АМИТ «Ховар» дар шабакаҳои иҷтимоӣ: facebook.com/niatkhovar, t.me/niatkhovar, youtube.com/@niat_Khovar_tj, instagram.com/niat_khovar/, twitter.com/niatkhovar, Радиои Ховар 101.5 fm, facebook.com/khovarfm/
Ҷаласаи байниидоравӣ оид ба таҳия ва пешниҳоди Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Тоҷикистон доир гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Саидалӣ Гулов: «Дар ҳавои сард набояд корҳои башаклдарорӣ ва буриши дарахтон анҷом дода шаванд»
Дар Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати Ҳизби Коммунистии Чин мулоқот баргузор шуд
Ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ лоиҳаҳои навсозии минбаъдаи пойтахт муаррифӣ гардиданд
Дар Минск вохӯрии раисони комиссияҳои марказии интихоботи Тоҷикистон ва Беларус доир шуд
Маҳмадтоир Зокирзода бо муовини Раиси Маҷлиси Шурои Давлати Қатар Ҳамда бинт Ҳассан Ал-Сулайти мулоқот намуд