Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси шаҳри Ҳанҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Яо Гаоюан мулоқот намуданд

Август 23, 2023 09:50

ДУШАНБЕ, 23.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 23 август дар идомаи сафари расмӣ ба  Ҷумҳурии Мардумии Чин Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Ханҷоу бо Раиси шаҳри Ханҷоу муҳтарам Яо Гаоюан мулоқот анҷом доданд.

Дар оғози суҳбат муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Раиси шаҳри Ханҷоу барои истиқболу меҳмоннавозӣ миннатдорӣ баён намуданд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъкид доштанд, ки муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо ҳамсояи наздики Ҷумҳурии Тоҷикистон — Чин аз афзалияти муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Мояи қаноатмандӣ аст, ки ҳамкории ду давлат дар тамоми самтҳо пайваста рушд ва ба сатҳи сифатан нав расида, муколамаи мунтазами сиёсии эътимодбахш дар сатҳҳои олӣ ва баланд ба роҳ монда шудааст, ки фарогири тамоми доираи муносибатҳои Тоҷикистон ва Чин мебошад.

Ҷонибҳо зимни мулоқот вазъи феълӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории байниминтақаивро бо дарназардошти имконияти мавҷудаи рушд дар бахшҳои гуногун муҳокима намуданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ба масъалаҳои таҳкими ҳамкории байни Душанбе ва Ханҷоу изҳори ҳавасмандӣ намуда, ба тавсеаи робитаҳо дар бахшҳои илм ва омодасозии кадрҳои илмӣ, инноватсия ва технологияҳо, нақлиёту мошинсозӣ, дорусозӣ ва нафту кимиё диққати махсус доданд.

Пас аз анҷоми мулоқоти Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Ханҷоу бо Раиси шаҳри Ханҷоу байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маъмурияти шаҳри Ханҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба имзо расид.

Август 23, 2023 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид