Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ёдгориҳои Осорхонаи таърихи Ҳизби Коммунистии Чин шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 21.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 21 август Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Осорхонаи таърихи Ҳизби Коммунистии Чин ташриф оварда, бо намунаи ёдгориҳо ва санадҳои таърихӣ доир ба таърихи таъсиси ҳизб ва давраҳои ташаккули он шинос шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Осорхонаи мазкур аз соли 2021 ба фаъолият оғоз намуда, дар он беш аз 2500 акс, 3500 ҳуҷҷату санадҳои таърихӣ ва дигар нигораҳо ба маъраз гузошта шудаанд.
Осорхонаи таърихи Ҳизби Коммунистии Чин ҳудуди беш аз 147 ҳазор метри мураббаъро ишғол карда, аз осорхонаҳои калонтарин ва дорои аҳамияти миллӣ барои мардуми Чин ба ҳисоб меравад.
Бинои асосии он дар шакли иероглифи чинии «гун», (коргарон) сохта шуда, таҷассумгари пешоҳангии Ҳизби Коммунистии Чин дар байни синфи коргар, мардум ва миллати Чин мебошад.










Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






