Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ёдгориҳои Осорхонаи таърихи Ҳизби Коммунистии Чин шинос шуданд

Август 21, 2023 08:11

ДУШАНБЕ, 21.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 21 август Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба  Осорхонаи таърихи Ҳизби Коммунистии Чин ташриф оварда,  бо намунаи ёдгориҳо ва санадҳои таърихӣ доир ба таърихи  таъсиси ҳизб ва давраҳои ташаккули он шинос шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Осорхонаи мазкур аз соли 2021 ба фаъолият оғоз намуда, дар он беш аз 2500 акс, 3500 ҳуҷҷату санадҳои таърихӣ ва дигар нигораҳо ба маъраз гузошта шудаанд.

Осорхонаи таърихи Ҳизби Коммунистии Чин ҳудуди беш аз 147 ҳазор метри мураббаъро ишғол карда, аз осорхонаҳои калонтарин ва дорои аҳамияти миллӣ барои мардуми  Чин ба ҳисоб меравад.

Бинои асосии он дар шакли иероглифи чинии «гун», (коргарон) сохта шуда, таҷассумгари пешоҳангии  Ҳизби Коммунистии Чин дар байни  синфи коргар, мардум ва миллати Чин мебошад.

 

 

Август 21, 2023 08:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад