Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар Йоханнесбург ба масъалаҳои асосии геополитикӣ ишора намуд

Август 23, 2023 15:50

ДУШАНБЕ, 23.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар муроҷиати худ ба форуми тиҷоратии БРИКС (Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин, Африқои Ҷанубӣ) дар Йоханнесбург мушкилоти асосии геополитикии замони кунуниро шарҳ дода, асоси онро сояи ҷанги нави сарди ба тамоми ҷаҳон таҳдидкунанда номид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба CGTN иттилоъ медиҳад.

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаҳониёнро аз шиддат гирифтани давраи нави муқовимати созмонҳои ҳарбӣ-сиёсӣ ҳушдор дода, иброз намуд, ки «ба сокинони кишварҳои гуногун ҷанги нави сард ва ё муҳосираи маҳдуд лозим нест, балки ҷаҳони ором, озод ва шукуфон зарур аст».

Ӯ таъкид намуд, ки сиёсати яккаҳукмронӣ ва таъқиби дигарон ҷаҳонро ба «ботлоқи таназзули истеҳсолот» тела медиҳад. «Иқтисодиёти ташаккулёбанда ва давлатҳои рӯ ба тараққӣ зери фишори бешармонаи онҳое қарор гирифтаанд, ки намехоҳанд яккаҳукмрониро аз даст диҳанд. Чунин ҳолат оқибати хуб дошта наметавонад. Хомӯш намудани чароғи дигарон ба ту равшанӣ намебахшад», — бо боварӣ изҳор намуд Си Ҷинпин.

Роҳбари давлати Чин ба қаҳрамонони ғарбии ҷанги нави сард, ки майл ба таҳқир намудани Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дигар аъзои БРИКС доранд, хотиррасон намуд: «Мо аслан майл ба ҳукмронии ҷаҳонӣ надорем ва роҳҳои муборизаи қудратҳои ҷаҳонӣ моро ба ин водор намесозанд».

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин миқёси буҳрони ҷаҳониро, ки дар сурати даст кашидан аз ҳалли ин мушкилот ҷаҳонро фаро мегирад, ҳанӯз дар нишасти соли гузаштаи БРИКС изҳор намуда буд. Ӯ ишора намуд, ки «ҳоло тақрибан 70 кишвар бо аҳолии 1,2 миллиард нафар дар остонаи  буҳрони ғизоӣ, энергетикӣ ва қарзӣ қарор доранд, ки метавонанд ҳар лаҳза бо он дучор шаванд». Пас аз як сол ин пешгӯӣ аҳамияти худро нигоҳ доштааст.

Дар ҳошияи форумҳои расмӣ ва дигари БРИКС дар Йоханнесбург таъкид гардид, ки «панҷгона» қодир аст ба тамоюлҳои хатарноки геополитикӣ посухи муассир дода, ҳамкории васеъ ва одилонаро дар миқёси ҷаҳон эҷод намояд.

Ӯ инчунин бо итминон таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин минбаъд низ дар пешбурди шаффофияти ҷаҳонӣ нақши мустақим хоҳад дошт. «Чин дастрасиро ба бозори дохилӣ тавсеа дода, рӯйхати манфии сармоягузории хориҷиро коҳиш ва сатҳи шаффофияти бахши муосири хизматрасониро баланд мебардорад. Мо фазои тиҷоратии бозаргонӣ, ҳуқуқӣ ва байналмилалӣ, инчунин шабакаи минтақаҳои савдои озодро, ки ба тамоми ҷаҳон нигаронида шудаанд, ташаккул хоҳем дод».

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: CGTN

 

 

Август 23, 2023 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ оид ба риояи талаботи бехатарии саноатӣ машварат доир намуд