Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар камераи васлгарии обқабулкунаки доимии Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд

Август 9, 2023 12:16

ДУШАНБЕ, 09.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи барқи обии “Роғун” бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар камераи васлгарии обқабулкунаки доимӣ шинос шуданд.

Камераи васлгарии обқабулкунаки доимӣ дар баландии 1172 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад. Иншоот бо дарозии 156,35, паҳноии 18,4 ва баландии 21,2 метр барои корҳои нақбканӣ, васлу насби оҳанфузулот ва мустаҳкамкунии шахтаҳои обрасони агрегатҳои №1,2,3,4,5 ва 6 пешбинӣ шудааст.

Зимни шиносоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар айни замон дар камераи васлгарии обқабулкунаки доимӣ мутахассисони маҳаллӣ бо азму иродаи устувор ва ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ иҷрои корҳои нақбканиро дар ҳаҷми 55 225 метри мукааб ба анҷом расонидаанд.

Ҳаҷми корҳои бетонхобонӣ дар иншооти мазкур тибқи лоиҳа ба 9 233 метри мукааб баробар мебошад ва то имрӯз дар ҳаҷми 2 898 метри мукааб иҷро гардидааст.

Корҳо дар шахтаҳои обрасони агрегатҳои неругоҳ низ аз рӯи нақша ва дар сатҳи баланд идома доранд. Ҳаракати беисти техникаву механизм ва заҳмати пайваставу содиқонаи коргарони муҳандисию техникӣ аз матонату диловарии ҳар сохтмончӣ дарак медиҳад.

Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастрасӣ ба техникаву механизми зарурии соҳавӣ, таъмини ҳамешагии масолеҳи баландсифати сохтмонӣ ва мавҷуд будани шароити хуби корӣ барои сохтмончиён имкон фароҳам меорад, ки корҳои бунёдӣ дар иншооти стратегии мамлакат-Нуругоҳи барқи обии “Роғун” дар асоси лоиҳаи тасдиқгардида сари вақт ба иҷро расонида шаванд.

Бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин қисми оҳанфулузоти зонуи поёнии қубури обрасон дар шахтаи турбинаи агрегати №4, ки 5,4 метр баландӣ дорад, гузошта шуд.

Сипас, ҳаҷми корҳои иҷрошуда дар шахтаи қубурҳои обрасони трубинаи агрегатҳои №1, 2, 3, 4, 5 ва 6 муаррифӣ гардид.

Баландии шахтаи обқабулкунаки агрегатҳои №1 ва №2 206 метр, №3 ва №4 186, №5 ва №6 152 метрро ташкил медиҳад. Қутри ҳар шахта ба 8,7 метр баробар аст. Нақбканӣ ва мустаҳкамкорӣ дар шахтаҳои агрегатҳои №3,4,5 ва 6 пурра ба анҷом расонида, корҳои сементатсионӣ бо ҷӯшу хурӯш идома доранд. Чунин корҳо дар шахтаи агрегати №1 ба андозаи 102,6 метр ва дар шахтаи агрегати №2, 108 метр анҷом дода шудаанд. Ҳаҷми умумии корҳои анҷомëфта дар шахтаи агрегатҳои №1 ва №2 12 636 метри мукаабро ташкил медиҳад.

Корҳои сохтмону васлгариро дар иншоот коргарону мутахассисони Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Заводи таҷрибавӣ-механикӣ”-и шаҳри Норак бо истифода аз техникаву механизми муосир дар сатҳи баланд ба иҷро мерасонанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти коргарону мутахассисонро дар ин қитъаи  сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун” назаррас арзëбӣ карда, аз масъулон вусъат бахшидани корҳои созандагиро бо истифода аз масолеҳи баландсифати сохтмонӣ ва таҷҳизоти ҷавобгӯ ба стандарти ҷаҳонӣ талаб намуданд.
Шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар камераи васлгарии обқабулкунаки доимии Неругоҳи барқи обии “Роғун” 09.08.2023

Август 9, 2023 12:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухоро боздид намуданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиеёв аз мавзеъҳои таърихии шаҳри қадимаи Бухоро боздид намуданд
Дар идомаи сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд
Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Идомаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид