Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарӣ ва фармондеҳии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таъиноти кадрӣ ба амал оварданд

Август 7, 2023 12:00

ДУШАНБЕ, 07.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат бо кадрҳое, ки дар ҳайати роҳбарӣ ва фармондеҳии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таъин гардиданд, суҳбат намуданд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якум-сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадӣ, муовинони Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷузъу томҳои воҳиди мазкур аз ҳисоби афсарони соҳибтаҷриба, хатмкардагони ду муассисаи олии ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар дорои маҳорати хуби фармондеҳиву ташкилӣ, содиқу корозмуда таъин гардиданд.

Тағироти кадрӣ инчунин Сардорони отрядҳои сарҳадии вилояти Хатлон, ВМКБ, вилояти Суғд ва дигар воҳидҳои сохтории Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллиро фаро гирифта, ба ин вазифаҳои пурмасъулият афсарони ҷавону соҳибтаҷриба таъин гардиданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таваҷҷӯҳу ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ ба ин воҳиди низомӣ ёдовар шуда, иброз намуданд, ки солҳои охир вазъи таъминоти Қӯшунҳои сарҳадӣ бо лавозимоти зарурӣ беҳтару хубтар гардида, шароити зисту зиндагӣ ва пешбурди хизмат низ шоиста ва ҷавобгӯи талабот аст.

Вазъи таъминоти моддиву техникии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар асоси талаботи оинномаҳои ҳарбӣ рӯз то рӯз беҳтар гардида, то ҷашни 30-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ, ки соли оянда пешбинӣ мешавад, бунёди иншооти замонавӣ, дидбонгоҳу отрядҳои сарҳадӣ ва дигар инфрасохтори зарурии соҳа бояд ба анҷом расад, — иброз доштанд Пешвои миллат.

Сарвари давлат бо дарназардошти вазъи печидаву мураккаб ва пешгӯинашавандаи минтақа ва ҷаҳон таъкид намуданд, ки ҳифзи сарҳади давлатӣ бояд тибқи низом ва санадҳои таъминкунандаи заминаҳои ҳуқуқӣ таъмин гардад ва ҳамагуна қонуншиканӣ дар сарҳад бояд бартараф шавад.

Бо таҳлилу баррасӣ аз ҳодисаҳои дар сарҳад рӯйдода, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, ҷинояткории муташаккил, убури ғайриқонунии сарҳад, муносибатҳои ғайриоинномавӣ, қочоқи молу маҳсулот ва пешгирӣ аз амалҳои террористиву гуруҳҳои муташаккили ҷиноии фаромиллӣ ба роҳбарияти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дастурҳои мушаххас доданд.

«Сарҳадбон будан вазифаи пуршарафу муқаддасест, ки тинҷиву амонии давлат, якпорчагӣ  ва рушди минбаъдаи он аз хизмати софдилонаву садоқатмандонаи Шумо афсарону сарбозони шуҷои Ватан сахт вобастагӣ дорад»,  — иброз намуданд Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Таъиноти кадрӣ 07.08.2023

Август 7, 2023 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди терминали нави байналмилалӣ дар фурудгоҳи Душанбе санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбат намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Фестивали таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва намоиши маҳсулоти саноатию кишоварзии давлатҳои ИДМ дар Туркманистон боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Мулоқоти ҳаштуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди Туркманистон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд