Шумораи бар асари ярч ҳалокшудагон дар Гурҷистон ба 18 нафар расид
			
					
										ДУШАНБЕ, 07.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Хадамоти ҳолатҳои фавқулодаи Вазорати корҳои дохилии Гурҷистон ҷасади боз як нафари дигарро, ки дар осоишгоҳи Шови дар минтақаи баландкӯҳи Рача бар асари ярч ҳалок шудааст, пайдо намуданд. Дар ин хусус ба ТАСС дар хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд.
«Боз ҷасади як нафари дигарро пайдо намудем. Шумораи ҳалокшудагон ҳамагӣ 18 нафарро ташкил медиҳад»,- баён намуд корманди хадамоти матбуотӣ.
Тавре вазири мудофиаи Гурҷистон Ҷуаншер Бурчуладзе хабар дод, дар байни ҳалокшудагон чанд нафар ноболиғон низ будаанд. Ёдовар мешавем, ки офати табиии калон дар Шови 3 август ба амал омад, ки дар натиҷа пулҳо ва роҳҳо, инчунин коттеҷҳои сайёҳӣ ва меҳмонхонаи Sunset Shovi осеб диданд. Дар амалиёти наҷот чор чархбол ва инчунин 400 наҷотдиҳандагону сӯхторнишонон иштирок доранд. Ҷустуҷӯи 16 нафар идома дошта, 7 август дар ҷумҳурӣ рӯзи мотам эълон шудааст.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








						
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои  миллӣ оғоз гардид
ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Масъалаи зиёд намудани сармоягузорӣ ба татбиқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави якчанд давлат эътимоднома қабул намуданд
ЭЪЛОН! Бақайдгирии намояндагони воситаҳои ахбори омма барои инъикоси Конфронси сеюми оби Душанбе оғоз шуд
									
									
									
									
									





