Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия ба кормандони филиалҳои «Амонатбонк» дар Бадахшон тавзеҳ дода шуд
ДУШАНБЕ, 23.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлуҳои асосии «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон- шаҳри Хоруғ зимни ҳамоиш ба кормандони филиалҳои Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ин минтақа тавзеҳ дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Амонатбонк» иттилоъ медиҳад.
Дар ҳамоиш таъкид шуд, ки мақсад ва вазифаи асосии амалисозии Стратегияи мазкур аз баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия, бартараф намудани сабабу шароити ба коррупсия мусоидаткунанда, паст намудани шиддати коррупсия дар ҷумҳурӣ иборат буда, ба рушди арзишҳои демократӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум равона гардидааст.
Гуфта шуд, ки воситаи асосии таъмини муборизаи ошкоро бар зидди коррупсия- ин тақвияти шаффофияти фаъолияти кормандони филиалҳо, инчунин таъмини дастрасӣ ба иттилоот, гузаронидани чорабиниҳо барои таъсиси фазои умумии тоқатнопазирӣ нисбат ба зуҳуроти коррупсия, баланд бардоштани фаъолнокии кормандон ҷиҳати мубориза бо коррупсия маҳсуб мешавад.
Вобаста ба тартиб ва дар амал иҷро намудани нақшаи чорабиниҳои Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» оид ба «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» барои соли 2023 кормандони филиалҳои «Амонатбонк» ҷиҳати иҷрои сифатнок ва саривақтии бандҳои нақшаи мазкур даъват шуданд.
АКС: «Амонатбонк»








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






