ТАҶРИБАИ МУОСИРИ ТАЪЛИМ. Директорони муассисаҳои таълимии шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат ва Роғун дар марҳилаи сеюми омӯзиш иштирок доранд

Август 6, 2023 10:09

ДУШАНБЕ, 06.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади омода намудани кадрҳои роҳбарикунандаи соҳаи маориф ва таъмини ҳайати захираи кадрии роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои директорони муассисаҳои таълимии шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат ва Роғун марҳилаи сеюми омӯзишҳо идома дорад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» дар шаҳри Душанбе.

Омӯзишҳо аз ҷониби кормандону омӯзгорони Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» дар шаҳри Душанбе амалӣ гардида, дар он тибқи нақша, дар 6 гурӯҳ фаъолияти таълимии фанҳои хониш ва математика тақвият дода мешавад.

Даврҳои омӯзишӣ дар асоси модулҳои «Идоракунӣ», «Омӯзиши иҷтимоӣ-эҳсосотӣ» ва «Тарҳи универсалии омӯзиш» ҷараён дошта, дар асоси таҷрибаҳои муосири фаъолият дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон коркард гардидаанд.  Омӯзишҳо аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Лоиҳаи USAID «Биё, ҳамроҳ омӯзем» амалӣ мегардад.

АКС: «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф»

 

Август 6, 2023 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд