ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 август, ҷумъа, 223-юмин рӯзи соли 2023 аст

Август 11, 2023 08:00

11 августи соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Конибодом Паранда» оғози расмӣ бахшиданд.

***

11 августи соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Унвони «Доктори фахрӣ»-и Академияи дипломатии Озарбойҷон сарфароз гардиданд.

***

11 августи соли 2011 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 230 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ, хизматчиёни давлатӣ, собиқадорони меҳнат ва ходимони ҷамъиятиро бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардониданд.

***

11 августи соли 2022  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Маданияти деҳоти Куҳандиëри шаҳри Конибодом бинои нави муассисаи таҳсилоти миëнаи умумии рақами 15-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 ба баррасии иҷлосияи дуюми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод шуд.

11 АВГУСТ:

Дар бархе аз кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон

***

Дар Чад –Рӯзи истиқлол.

***

Дар Зимбабве –Рӯзи қаҳрамонон.

***

Дар Латвия – Рӯзи ёдбуди ҷанговарон барои озодӣ

РӮЙДОДҲО:

11 августи соли 2018  аз ҷониби журналистони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба фаъолияти Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи Қалъаи Ҳисор» баҳои баланд дода шуд

***

11 августи соли 1937 Палатаи давлатии китоби Тоҷикистон таъсис дода шуд.

***

11 августи соли 2004 дар шаҳри Душанбе бинои нави Шурои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.

***

11 августи соли 2015 дар шаҳри Душанбе намоиши байналмилалии таҳсилотии Ҷумҳурии Беларус  баргузор шуд.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД

 Абдуғаффор Абдуҷабборовсоли 1956- нависанда, тарҷумон ва драматурги муосири тоҷик. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1988), Иттифоқи арбобони театри Тоҷикистон (1990), Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1997), Ассотсиатсияи публитсистони Тоҷикистон (2007), узви вобастаи Академияи мусаввирии Тоҷикистон (2010), узви ифтихории Академияи байналхалқии фарҳанг, илм ва тиҷорати Санкт-Петербург (2011), узви Иттифоқи умумирусиягии нависандагон (2013).

Август 11, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш