ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 август, ҷумъа, 230-юмин рӯзи соли 2023 аст
18 августи соли 2010 дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Федератсияи Русия Дмитрий Медведов масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва робитаҳои минтақавию дӯстии ду давлатро баррасӣ намуданд.
***
18 августи соли 2015 дар шаҳри Душанбе Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Дабири кулли вақти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) Николай Бордюжа авзои вақт ва ояндаи Афғонистон ва дигар минтақаҳои доғи ҷаҳон, тақвияти муборизаи муштарак бо густариши терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои минтақавию ҷаҳониро баррасӣ намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгоҳи марказиро ифтитоҳ намуда, дар ҳамон ҷо бо фаъолону сокинони ноҳия мулоқоту суҳбати самимӣ ва созанда доир намуданд.
***
18 августи соли 2018 дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Самарқанд рафта, бо мавзеъҳои таърихиву муқаддаси ин шаҳри қадимӣ шинос шуданд.
***
18 августи соли 2015 дар шаҳри Душанбе мулоқоти навбатии вазирони адлияи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид.
***
Соли 2018 Вазорати адлияи Ҷумҳурии Узбекистон зимни баргузории брифинг иттилоъ дод, ки дар Узбекистон мисли Тоҷикистон сару либоси ягонаи мактабӣ ҷорӣ гардид.
***
18 августи соли 2021 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.
***
18 августи соли 2022 дар Душанбе даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Исроил баргузор гардиданд.
18 АВГУСТ:
Дар Тоҷикистон – Рӯзи кормандони соҳаи тиб.
***
Дар Қазоқистон –Рӯзи қӯшунҳои сарҳадӣ.
***
Дар Австралия- Рӯзи собиқадорони Ветнам.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД
Назри Яздонӣ — шоир, тарҷумон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1988), Шоири халқии Тоҷикистон (2014).