ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 август, шанбе, 231-умин рӯзи соли 2023 аст

Август 19, 2023 08:00

19 августи соли 2011 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қариб 200 нафар кормандони соҳаҳои фарҳанг, адабиёт ва иттилоотро ба истиқболи 20–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ сарфароз гардониданд.

***

19 августи соли 2011 ба Сарвари давлат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон нахустин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон эътимоднома супориданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013  дар Душанбе дар мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ Гян Чандра Ачария   масоили ҳамкорӣ дар соҳаи обу энергетика ва нақлиёту коммуникатсия баррасӣ гардид.

***

19 августи соли 2013 дар шаҳри Душанбе Президенти  мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Шурои ҷаҳонии об Бенедитто Брага аз ҳамкории бисёрсолаи созанда ва пурсамари Тоҷикистон ва Шурои ҷаҳонии об изҳори қаноатмандӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 Дар шаҳри Душанбе Ҳафтаи  китоби Ҳиндустон оғоз гардид.

***

19 августи соли 2019 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ Ҷин Личунро ба ҳузур пазируфтанд. Таъкид гардид, ки қариб панҷ сол аст Бонки Осиёгии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ дар сармоягузории лоиҳаҳои сершумори сармоягузорӣ дар самти бунёди инфрасохтор дар давлатҳои Осиё саҳм гузошта, барои Тоҷикистон низ шарики боэътимоди рушд ба ҳисоб меравад.

***

19 августи соли 2022 ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии ҳолатҳои фавқулодаи давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд.

 19 АВГУСТ:

Рӯзи байналмилалии сурат.

***

Рӯзи умумиҷаҳонии кумаки башардӯстона.

***

Рӯзи байналхалқии ҷонварони кӯчагард.

 ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД

Саидалӣ Гулов, соли 1954 — доктори илмҳои биология (1998), профессор (2001), дорандаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон дар соҳаи маориф (2014), узви пайвастаи Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ (2014). Аълочии маорифи Тоҷикис­тон (2003), Корманди шоис­таи Тоҷикис­тон (2011).

 

 

Август 19, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш