ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, шанбе, 238-умин рӯзи соли 2023 аст
26 августи соли 2007 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти вақти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай ва ҳайати расмии Иёлоти Муттаҳидаи Америка пули азими байни Тоҷикистон ва Афғонистонро расман ифтитоҳ намуданд.
***
26 августи соли 2011 роҳи мошингарди Душанбе-Рашт-Ҷиргатол-сарҳади Қирғизистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ Дилшод Назаровро барои саҳми намоён дар рушди варзиш ва дастоварди бузурги варзишӣ дар Бозиҳои ХХХI тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро -2016 бо мукофоти давлатӣ — Ордени Шараф дараҷаи I сарфароз гардониданд.
***
26 августи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳри Турсунзода боғи фарҳангу фароғатии шаҳрро, ки аз нав сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2022 суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид муҳтарам Антониу Гутерриш доир гардид. Ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла оид ба масъалаҳои калидии байналмилалӣ, бахусус таъмини сулҳу суботи фарогир ва рушди устуворро мавриди баррасӣ қарор доданд.
26 АВГУСТ:
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якшанбеи охири моҳи август Иди касбии кормандони соҳаи ангишт
***
Дар Аргентина — Рӯзи актёрон.
***
Дар Намибия – Рӯзи қаҳрамонон.
***
Дар ИМА – Рӯзи баробарҳуқуқии занону мардон.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Дилбар Умарова, соли 1949— ҳунарпешаи театру кино, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1990), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2001). Узви Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон (1976).